Сарзаниши хонанда аз ҷониби омӯзгор баҳси наверо дар ҷомеа барангехт

Наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, ки дар он як омӯзгор хонандаи синфи сеюмро барои надоштани дафтар сарзаниш мекунад. Ин навор вокунишҳои гуногунро миёни корбарон ба вуҷуд овардааст.

Дар навор дида мешавад, ки омӯзгор аз хонанда мепурсад, чаро дафтар надорад ва ӯро бо лаҳни сахт водор мекунад, ки посух диҳад. Бархе аз корбарон ин муносибатро нисбат ба кӯдак нодуруст арзёбӣ карда, мегӯянд, чунин масъалаҳо бояд бо роҳи фаҳмондан ва дастгирӣ ҳал шаванд.

Ҳамзамон гурӯҳи дигаре аз корбарон бар ин назаранд, ки омӯзгор мехостааст ҳисси масъулияти хонандаро нисбат ба дарс ва омодагӣ ба мактаб бештар кунад.

То ҳол маълум нест, ки навор аз ҷониби кӣ ва бо кадом мақсад дар интернет нашр шудааст, инчунин замон ва макони сабти он муайян нест. Рақами мактаб ва ноҳияи ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ низ маълум нашудааст. Баъзе блогерон аз омӯзгор ҳимоят карда, иддао доранд, ки наворро худи омӯзгор дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр накардааст, балки онро танҳо ба модари хонанда ирсол кардааст. Ба гуфтаи онҳо, паҳн шудани навор дар интернет аз ҷониби шахсони дигар сурат гирифтааст. То кунун мақомоти масъули соҳаи маориф дар бораи ин ҳолат изҳори назар накардаанд.

Ин баҳс дар ҳолест, ки соҳаи маориф дар Тоҷикистон солҳои охир яке аз мавзуъҳои пурбаҳс боқӣ мемонад. Дар ҷомеа масъалаҳое чун ҷамъоварии маблағ аз волидон барои таъмири мактабҳо, хариду фурӯши иҷбории либоси мактабӣ, шароити баъзе муассисаҳои таълимӣ, ҷалби омӯзгорон ба корҳои ғайритахассусӣ, сатҳи саводи хонандагон ва муносибати байни омӯзгор ва хонанда борҳо мавриди баҳс ва интиқод қарор гирифтаанд.

Коршиносони соҳа мегӯянд, ин баҳсҳо баёнгари онанд, ки ҷомеа аз низоми маориф на танҳо таълими босифат, балки муносибати дуруст бо хонандагон ва муҳити солими таълимиро низ интизор аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кушта шудани 35 нафар дар ҳамлаи Русия ба автобусҳо дар Украина

Дар пайи ҳамлаи ҳавоии Русия ба ду автобуси мусофирбар дар шаҳри Краматорски вилояти Донетск даҳҳо нафар куштааст.

“Ҷумъаи хунин”: ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба мактабҳои Лаҳистон ва боздошти беш аз 10 нафар

Пас аз ду ҳамла дар муассисаҳои таълимии вилояти Мазовияи Лаҳистон (Полша) дар миёни хонандагон ва волидон овозаҳо дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои нав бо номи “ҷумъаи хунин” паҳн шудаанд.

Тоҷикистон ва ИМА таъмини бозори кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ карданд

Тоҷикистон бо намояндагони Амрико дар Душанбе масъалаи таъмини бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ мекунад.

Амрико эҳтимоли ҳамлаи нав ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраӣ баррасӣ мекунад

Доналд Трамп имкони анҷоми ҳамлаҳои нави низомӣ ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраии ИМА баррасӣ мекунад. Аммо ҳанӯз дар бораи оғози чунин амалиёт қарор гирифта нашудааст.