Ҳафт созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон иқдомеро барои дастгирӣ ва озодии Манучеҳр Холиқназаров ба роҳ мондаанд.
Фирӯзи Ҳаит· Рӯзноманигор ва муҷрӣ· Ба дигарон фирист
Акс: Интернет
Ҳафт созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон иқдомеро барои дастгирӣ ва озодии Манучеҳр Холиқназаров ба роҳ мондаанд.
Cозмонҳои ҳуқуқии “International Partnership for Human Rights”, “Amnesty International”, “Freedom now”, “Norwegian Helsiki Committee”, “Frontline Defenders”, “The Observatory for the Protection of Human Rights Defenders” ва “Helsinki foundation for human rights” аз ҳама нафароне, ки дар қазияи адвокати зиндонӣ Манучеҳр Холиқназаров бетараф нестанд, даъват кардаанд, ки барои дастгирии ӯ барояш ба зиндон нома фиристанд.
Инчунин ин созмонҳо аз мардум хостаанд, ки ба Вазорати корҳои хориҷа, Додситонии кул ва Президенти Тоҷикистон нома навишта, изҳори нигаронии худро аз ҳукми ноодилонаи ҳомии ҳуқуқ Мануҳер Холиқназаров баён намоянд ва аз мақомдорони тоҷик озодии беқайду шайрти ӯро талаб кунанд.
Ёдовар мешавем, ки Манучеҳр Холиқназаров моҳи майи соли 2022 дар пасманзари ҳодисаҳои ахири Бадахшон боздошт ва моҳи декабри соли 2022 бо иттиҳомоти сохта, (ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷиноӣ ва мамнуъ) ба 16 сол зиндон маҳкум шуд. Созмонҳои байналмилаӣ боздошти ӯро ғайриқонунӣ ва иттиҳоми нисбати ин ҳомии ҳуқуқро сохта медонанд.
Холиқназоров то замони боздошташ мудири Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир буд ва моҳи ноябри соли 2021 ба “Комиссияи 44”, ки дар ҳамкорӣ бо муфаттишони Додситонии кул кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков ва беназмиҳоро дар маркази ВМКБ таҳқиқ мекарданд, пайваста буд. Ҳоло аксари аъзои ин комиссия бо иттиҳомоти ҳамсон барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гаштаанд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.