36.9 C
Dushanbe

Даъвати тирамоҳии сарбозон 70% иҷро шуд

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш дар як моҳи аввал 70 дарсад иҷро шудааст.

Акс аз your.tj

Бино ба иттилои Фариддун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон дар вилояти Суғд нақшаи даъвати сарбозон ба артиш қариб 60% ва дар вилояти Хатлон 70% иҷро шудааст.

Инчунин ба гуфтаи ӯ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ нақшаро 77 дарсад ва шаҳри Душанбе тақрибан 80 дарсад иҷро карданд.

Маҳмадализода қайд карда, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар аввали моҳи октябр нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба артишро пурра иҷро кард.

Сухангӯи Вазорати дифоъ аз зиёд шудани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ва дар сари вақт иҷро шудани нақшаи даъват гуфта, онро ба корҳои фаҳмондадиҳии комиссияҳои даъватӣ рабт додааст.

Ӯ ҳамчунин аз ҳукумату давлат тавсиф намудааст, ки дар ростои тақвияти “Қувваҳои Мусаллаҳ, дастгириву ғамхориҳои пайваста доранд” ва он боис гашта, ки сарбозон бо “заминаҳои хуби моддиву таълимӣ, шароитҳои ҳамаҷонибаи хизмативу майишӣ фароҳам гарданд.”

Аммо хабару гузоришҳо аз дохили кишвар акси гуфтаҳои Маҳмадализодаро нишон дода, гуфта мешавад, ки сафи ҷавононе, ки ба артиш мераванд, кам шуда истодааст. Чун шароити адои хидмат дар артиши Тоҷикистон хеле бад арзёбӣ мешавад. Яке аз сабабҳои гурезон шудани ҷавонон ин бадрафторӣ бо сарбозон ва кушта шудани ҷавонон бар асари лату кӯб дар қимсҳои низомии кишвар гуфта мешавад.

Солҳост, ки мақомоти Тоҷикистон барои пур кардани сафи артиши кишвар аз усули “облава” ё ҳамон сарбозшикор истифода намуда, ҷавононро аз хонаву кӯчаҳо ва ҳатто донишҷӯёнро аз назди донишгоҳҳо ва баъзе нафарони бемору маъюбро низ боздошт карда, зӯран ба артиш мебаранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар

Маросими имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар бо ҳузури сарони ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Идомаи боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Нерӯҳои интизомии Федератсияи Русия субҳи имрӯз, 8-уми июн беш аз 27 муҳоҷири тоҷикро аз сохтмоне дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурдаанд. 

Сафари Додситони кулли Эрон ба Тоҷикистон

Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон дар раъси як ҳайати боломақоми кишвар вориди Тоҷикистон шудааст.