25.9 C
Dushanbe

Давлати Иморот ҳукми эъдоми се шаҳрванди Узбекистонро эълон кард

Додгоҳи кассатсионии шаҳри Абудабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзӣ душанбе, 31-уми март ҳукми эъдоми се шаҳрванди Узбекистонро эълон кард.

Мақомоти Иморот аз ин се шаҳрванди Узбекистон Олимбой Давлатёрови 28-сола, Азизбек Исмоилови 33-сола ва Маҳмудҷон Кенҷабоеви 28-сола ном бурда, онҳоро дар куштори шаҳрванди исроилӣ-молдовӣ Тсви Коган гунаҳкор медонанд.

Инчунин дар ин қазия додгоҳ нафари чорумеро, ки дар ин парванда муттаҳам дониста мешавад ва аз ӯ ном бурда нашудааст, ба ҳукми абад маҳкум кардааст.

Додгоҳи Иморот гуфтааст, далелҳои парванда нишон медиҳанд, ки “Муттаҳамон Тсви Коганро бо қасди пешакӣ ва бо ҳадафи террористӣ ба ҳалокат расониданд”.

Тсви Коган, як рӯҳонӣ ва собиқ сарбози артиши Исроил аз соли 2020 дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ зиндагӣ мекард ва ба тиҷорат машғул буд. Ин шахс аз ҳаракати Ҳабад – як ҷараёни яҳудии ортодоксӣ, ки дар саросари ҷаҳон бо ҳадафи пайваст кардани яҳудиёни дунявӣ ва дигар мазҳабҳои яҳудӣ фаъолият мекунад, намояндагӣ мекард.

21-уми ноябри соли 2024 ин шаҳрванди исроилӣ нопадид гашта, пас аз се рӯз ҷасадашро пайдо карданд. Мақомоти додситонии Иморот гуфтаанд, тафтишот муайян карда, ки муттаҳамон аз чанд муддат пеш Коганро пайгӣрӣ мекардаанд.

Ба иттилои хабаргузории давлатии Иморот, “Додситонии амнияти давлатӣ ба додгоҳ далелҳои қатъӣ пешниҳод намуд, ки шомили эътирофоти муфассали муттаҳамон дар робита ба ҷиноятҳои қатлу одамрабоӣ, инчунин гузоришҳои ташхиси додгоҳӣ, натиҷаҳои тафтишоти тиббӣ ва асбобҳои истифодашуда дар ҷиноят, инчунин шаҳодати шоҳидон буданд”.

Додгоҳи Иморот ин ҳодисаро “амали террористӣ” арзёбӣ карда, барои се муттаҳам ҳукми эъдом ва барои як нафари дигар ҳукми зиндони абад содир кард.

То ба ҳол назари худи гумонбарон дастраси расонаҳо нагардидаст.

Расонаҳо қаблан мегуфтанд, ки ин се шаҳрванди Узбекитосн дар худи кишвари Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт шуда буданд, аммо баъдтар хабарҳо нашр шуд, ки онҳо баъд аз ҳодиса аз ин кишвар фирор кардаанд.

Расонаҳои туркӣ 27-уми ноябр хабар доданд, ки гумонбарон пас аз ҳодисаи қатл тариқи ҳавопаймо ба Истанбул фирор карданд. Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз Туркия боздошти онҳоро дархост кард. Нерӯҳои пулис ва амниятии Туркия зимни як амалиёти муштарак ҳангоми бозрасии мошинҳо онҳоро аз дохили як таксӣ боздошт карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон дар марзи бо Тоҷикистон симхор мекашад

Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон эълон кард, ки корҳои муҳандисӣ дар марзи Тоқикистон-Қирғизистон дар вилояти Бодканд оғоз шудааст.

Тоҷикистониён дигар наметавонанд “визаи электронӣ”-и Арабистонро бигиранд

Ахиран Арабистони Саудӣ Тоҷикистон ва Узбекистонро аз феҳристи кишварҳои дорои шароити барномаи визаи сайёҳии электронии "eVisa" ҳазф кард.

Тамдиди муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия

Мақомоти Русия бо қабули фармони нав муҳлати қонунӣ кардани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва бешаҳрвандӣ дар ин кишварро то 10-уми сентябри соли 2025 тамдид кард.

Дар чанд кишвари Аврупо барқ якбора қатъ шуд, сабаб чист?

Рӯзи 28-уми апрели соли ҷорӣ миллионҳо нафар дар Испания, Португалия, Андорра ва қисмате аз Фаронса бе нерӯи барқ монданд.