33.9 C
Dushanbe

ДДР: Тасвиби созишномаи таъсиси системаи муштараки дифои ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон

Субҳи имрӯз, 16-уми декабр Думаи давлатӣ созишномаи миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи таъсиси системаи муштараки дифои зидди ҳавоиро ба тасвиб расонд.

Ба иттилои хабаргузории давлатии Русия Тасс, тибқи ин санад, ҷонибҳо як системаи ягонаи дифои ҳавоии минтақавӣ эҷод мекунанд, ки ҷузъи ҷудонашавандаи системаи ягонаи дифои ҳавоии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) мебошад.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин баланд бардоштани самаранокии ҳалли проблемаҳои мудофиа аз ҳамлаҳои ҳавоӣ дар минтақа арзёбӣ мешавад.

Пеш аз ин 8-уми декбар, Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон ин тарҳи пешниҳодии Русияро ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бурд ва бо суханронӣ ва муаррифии кӯтоҳи он Парлумони кишвар бидуни баҳсу баррасиҳои зиёд ин тарҳро қабул карда буд.

Созишномаи таъсиси низоми ягонаи дифои ҳавоӣ байни Русия ва Тоҷикистон моҳи апрели соли ҷорӣ зимни сафари кории Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ба Душанбе бо Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ба имзо расида буд.

Баъдан ҷонибҳо шарҳ доданд, ки ҳадаф аз имзои ин созишнома баланд бардоштани эътимоднокии ҳифзи марзи давлатӣ дар ҳарими ҳавоӣ мебошад.

Акнун баъд аз ба тасвиб расидани ин тарҳ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Думаи давлатии Русия қарор аст президентҳои ҳар ду кишвар Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон зери он имзо кунанд, то ба марҳилаи амалӣ бирасад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.