6.9 C
Dushanbe

Дидори мақомоти Эрону Тоҷикистон дар Теҳрон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 18-уми май дар Теҳрон бо раисиҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён Теҳрон мулоқот кард.

Хабаргузории эронии “irna” менависад, зимни ин дидор ҷонибҳо аз сатҳи олии муносибатҳои кунунии ду кишвар ва заминаи мусоид барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногуни тиҷорат, иқтисод, илм, сиёсат ва амният суҳбат карданд.

Раисҷумҳури Эрон хостори талошҳои бештар ва истифода аз зарфиятҳои мавҷуда барои густариши ҳарчи бештари робитаҳо шуда ва изҳор доштааст, ки бо фароҳам овардани заминаҳои муносиб барои ҳамкории фаъолонаи тоҷирон ва донишгоҳиён метавон ба рушду пешрафти муштараки ду миллат мусоидат кард. 

Дар навбати худ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба тақвияти беш аз пеши ҳамкориҳои судманд бо Эрон иброз доштааст.

Гуфта мешавад, Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин лағви низоми раводид миёни ду кишварро омили муҳим ва минбари муносиб дар афзоиши мубодилаи сайёҳон ва таҳкими робитаҳои шаҳрвандони ду кишвар арзёбӣ кард.

Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо раисҷумҳури Эрон дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти Тоҷикистону Эрон дар ин чанд соли ахир равобити печидае доштанд. Тира шудани муносибатҳои дипломатии ду кишвар аз зиндонӣ шудани Бобаки Занҷонӣ ва қарзи “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” шуруъ шуда, бо бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015 тиратар гашта буд.

Аммо соли 2019 пас аз сари қудрат омадани Иброҳим Раисӣ ва баъдтар Масъуд Пизишкиён дар Эрон муносибатҳои ин ду кишвар нармтар шуд ва пас аз сафари расмии Пизишкиён дар моҳи январи соли ҷорӣ низоми бераводид миёни ду кишвар пурра иҷро карда шуд.

Инчунин дар ин сафар 23 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расида буд ва дар ҷараёни он Форуми тиҷоратии кишварҳо дар Душанбе баргузор шуду бо маблағи зиёда аз 450 млн доллар санадҳои ҳамкорӣ имзо гардид.

Ба андешаи коршиносон пас аз ин руйдод равобити Эрону Тоҷикистон ба болотарин сатҳ расида анҷоми лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ, тиҷораӣ, транзитӣ байни ду кишвар бештар шудааст. Аз ҷумла, лоиҳои бунёди Маркази логистикии Тоҷикистон дар Чобаҳори Эрон.

Бино ба гузоришҳои расмӣ, Тоҷикистон мехоҳад дар бандари Чобаҳори Эрон як маркази муҳими логистикӣ таъсис диҳад. Ҳадаф аз ин иқдом рушди терминалҳо ва анборҳо дар ин бандар бо ҷалби сармоя ва соҳибкорони тоҷик гуфта мешавад.

Вазорати нақлиёти ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, зимни иҷлосияи 17-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмиву техникии Тоҷикистон ва Эрон, ки дар шаҳри Шероз авалҳои моҳи май баргузор шуд, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ин лоиҳаро пешниҳод кардааст.

Тибқи гузоришҳо, ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки Тоҷикистон то нимаи соли 2025 пешниҳоди тарҳи лоиҳавии худро барои бунёди маркази логистикӣ ироа намояд.

Агар ҷониби Эрон онро тасдиқ кунад, интизор меравад, ки дар давоми як моҳ лоиҳаи созишномаи ҳамкориро пешниҳод кунад.

Коршиносон мегӯянд, ин иқдом дар идомаи талошҳои Тоҷикистон барои ҳамгироӣ бо долони байналмилалии логистикӣ мебошад.

Ин долон Чинро тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон ва Туркия бо Аврупо васл намуда, барои Тоҷикистон, ки кишвари маҳсур дар хушкӣ аст, дастрасии мустақимро ба уқёнуси Ҳинд фароҳам меорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боз як тоҷики дигар дар доираи парвандаи “Крокус” маҳкум ба зиндон шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия бо иттиҳоми сафедкунии ҳамлаи террористии ба "Крокус Сити Холл» равонаи зиндон карданд.

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми СММ барои ҳуқуқи занон

Дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон дар шаҳри Ню-Йорк намояндагони Тоҷикистон иштирок карданд.

Амрико барои хариди нефти Русия ба кишварҳо иҷозат дод

Амрико бо судури иҷозати муваққатии 30-рӯза ба кишварҳо имкон дод, ки нефти таҳримшудаи Русияро харидорӣ кунанд.

Беш аз 170 миллиард рубл даромад аз ҳисоби патенти муҳоҷирон

Дар соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, ба буҷети ин кишвар 172 миллиард рубл даромад ворид карданд.