Истирдоди зодагони Язгулом аз Русия ва боздошти онҳо дар Тоҷикистон

Пулиси Русия чаҳор сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро охири моҳи апрели соли ҷорӣ боздошт ва ба Душанбе истирдод кардаанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, номи боздоштшудаҳо дар рӯйхати ҷустуҷӯи мақомоти тоҷик қарор доштааст ва ҳангоми пардохти ҳаққи патент дар Идораи патентдиҳии шаҳри Маскав дастгир шудаанд.

Мақомоти тоҷик ҳоло онҳоро дар боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Душанбе нигаҳ медорад ва пайвандонашон ба онҳо либосу ғизо бурдаанд, аммо то ҳол иҷозати мулоқот бо наздиконашонро нагирифтаанд.

Ба гуфтаи наздиконашон, боздоштшудаҳо сокинони деҳаи Будуни ҷамоати Язгулом буда, барои таъмини рӯзгори хонаводаҳояшон дар Русия кор мекардаанд.

То ҳол мақомот дар мавриди боздошт ва истирдоди ин чаҳор сокини Язгуломро чизе нагуфтаанд.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти кишвар зодагони Язгуломро ба таври гурӯҳи боздошт мекунанд.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ, мақомоти Тоҷикистон беш аз 20 сокини маҳаллаи “Дарвоз”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо, ки бештарашон хешу табори ҳам будаанд боздошт карда, танҳо як нафарашонро озод кардаанд

Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки онҳо, “барои анҷоми амалҳои террористӣ дар Тоҷикистон омодагӣ медиданд”, вале наздикони боздоштшудаҳо ин иттиҳомро рад кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол сабаби боздошти сокинони маҳаллаи “Дарвоз”-ро шарҳ надодаанд.

Пештар аз ин низ дар моҳи майи соли 2024 Azda.tv аз амалиёти вежаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар водии Язгуломи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва боздошти беш аз 20 сокини ҳамин водӣ хабар дода буд.

Пас аз муддате хомушӣ Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи 2024 ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки мақомот 27 нафарро бо гумони узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дастгир кардаанд ва 4 нафари дигарро дар берун аз кишвар меҷӯянд.

Вале моҳи декабри соли 2024 Додгоҳи олии Тоҷикистон 31 сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро бо иттиҳоми фаъолияти ифротгароӣ аз 2 то 23 сол маҳкум ба ҳабс кард. Назари худи маҳкумшудаҳо то ҳол дастрас нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Нишасти СҲШ дар Душанбе: кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Рӯзҳои 19–20-уми октябри соли 2026, дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор мешавад.

Дар пайи нооромиҳо дар Фаронса маҳдудияти шабгардӣ ҷорӣ шуд

Ҳукумати Фаронса пас аз нооромиҳои хиёбонӣ рӯзҳои истироҳат барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои маҳаллии шабгардӣ дастур додааст.

Бонки рушди Осиё барои “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо мекунад

Бонки рушди Осиё нақша дорад барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 500 миллион доллар ҷудо кунад. Аз ин маблағ 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.