11.9 C
Dushanbe

Дилҷӯйи Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз Эрон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барои маҳкум кардани ҳамлаи терорристие, ки чанд рӯз пеш дар Шероз сурат гирифт ба Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Душанбе рафта, изҳори ҳамдардӣ кард.

Бино ба иттилои

Гуфта мешавад, ДИИШ, ки масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифта буд, дар бораи ҳувияти ин узви худ ва ному насаби аслиаш хабар надодааст, танҳо акси онро нашр кардааст. Вале мақомоти эронӣ бо нашри ин аксҳо, ки дар боло зикри онҳо рафт, мегӯянд, ки ҳамлакунанда ҳамин шахс аст ва ӯ шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Бо ин вуҷуд, ҳангоми муқоисаи аксҳои нашр шуда, кас шубҳа мекунад, ки ҳар ду ҷониб, яъне ҳам мақомоти эронӣ ва ҳам ДИИШ дар бораи як нафар суҳбат мекунанд, зеро дар аксҳое, ки онҳо нашр кардаанд, шакл, симо ва ҳатто мӯйи сару риши ин афрод аз ҳам фарқ мекунад.

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои Azda.tv

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Покистону Тоҷикистон ҳамкориҳои ҳуқуқиро тақвият мекунанд

Покистону Тоҷикистон тасмим доранд ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ густариш диҳанд.

Қатли бераҳмонаи ду хоҳар ва як кӯдак дар Кӯлоб

Шаби 2-уми апрели соли ҷорӣ ду зан ва як кӯдаки шашсола дар шаҳри Кӯлоб кушта шуданд.

Марги як наваскар дар роҳ ба сӯи Душанбе

Рӯзи 2-юми апрел дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари канда шудани сангпора аз кӯҳ ва бархӯрди он ба автобусе, ки наваскаронро интиқол медод, як ҷавон ҷон бохтааст.

ВКД Қирғизистон: зарари расондаи Тошиев ба иқтисоди Қирғизистон беш аз 4,1 млрд аст

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҳаҷми зараре, ки вакили собиқи парлумон Шаирбек Ташиев ба иқтисоди ин кишвар расондааст, эълон кард.