Додгоҳи Австрия дархости истирдоди Шавкати Муҳаммадро баррасӣ мекунад

Додгоҳи ҷиноии шаҳри Вена қарор аст рӯзи 5 август дархости мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди Шавкати Муҳаммад (Шавкатҷон Шарипов), сухангӯи созмони мухолифи «Паймони миллӣ»-ро баррасӣ кунад.

Шавкати Муҳаммад рӯзи 16-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфта аст, ки аллакай даъватномаи додгоҳро гирифтааст ва аз эҳтимоли истирдод шуданаш ба Тоҷикистон нигарон аст. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати фиристода шудан ба Тоҷикистон бо хатари боздошти худсарона, шиканҷа, таъқиби сиёсӣ ва маҳрум шудан аз мурофиаи одилона рӯбарӯ хоҳад шуд.

Қаблан созмони «Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон»хабар дода буданд, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз мақомоти Австрия истирдоди 18 шаҳрванди тоҷик, ки ба гуфтаи мақомоти Душанбе ба созмонҳои мухолиф иртибот доранд, дархост кардааст. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи парвандаи Шавкати Муҳаммад шарҳи расмӣ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, Созмони «Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон» аз оғози таҳияи як меморандуми байналмилалӣ ва маъракаи ҷамъоварии имзо барои пешгирӣ аз истирдоди паноҳандагони тоҷик хабар додааст.

Ба гуфтаи ин созмон, ташаббус пас аз дастрас шудани санадҳое рӯи даст гирифта шуд, ки ба дархости Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои истирдоди 18 паноҳандаи тоҷик аз Австрия марбут мебошанд. Созмон мегӯяд, дархости расмӣ бо имзои вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба мақомоти Австрия ирсол шудааст.

Созмон таъкид мекунад, ки ҳангоми баррасии чунин парвандаҳо бояд меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла принсипи бознагардонӣ (non-refoulement), риоя шавад. Ин принсип истирдоди шахсонро ба кишварҳое манъ мекунад, ки дар он ҷо хатари воқеии шиканҷа, таъқиби сиёсӣ ё мурофиаи ноодилонаи судӣ вуҷуд дорад.

Раҳбари «Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон» аз созмонҳои байналмилалӣ, ҳомиёни ҳуқуқ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, расонаҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор даъват кардааст, ки аз меморандум пуштибонӣ намуда, ба он имзо гузоранд.

Ёдовар мешавем,ки Бародари Шавкати Муҳаммад — Аслиддин Шарипов соли 2024 дар Тоҷикистон ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомоти Тоҷикистон ӯро дар ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ва таблиғи фаъолияти онҳо дар шабакаи интернет гунаҳкор донистанд. Худи Шавкати Муҳаммад бошад, мегӯяд, ки парванда ва ҳабси бародараш бо фаъолияти сиёсии ӯ иртибот дошта, ҳадаф аз он фишор овардан ба ӯ будааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.