Додгоҳи ҷиноии чоруми Димишқ рӯзи душанбе, 24-уми август Аҳмад Бадруддин Ҳассун, муфтии пешини Сурия дар замони ҳукумати Башор Асадро ба ҳабси абад маҳкум кард.
Бино ба иттилои расонаҳои Сурия, додгоҳ ин муфтӣ ва ҷонибдори сахти низоми Башшор Асадро дар парвандаи марбут ба барангехтани хушунат, сафедкунии куштор, ҷиноятҳо алайҳи башарият ва ҷиноятҳои ҷангӣ гунаҳкор донистааст.
Ҳукм дар ҷаласаи шашуми баррасии парвандаи Ҳассун таҳти раёсати додрас Фахриддин Алъариён содир шуд. Дар ҷаласа намояндагони Ҳайати миллии адолати давраи гузариш ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва башардӯстона ҳузур доштанд. Додгоҳ ҳамчунин қарор кард, ки тамоми амволи манқул ва ғайриманқули Ҳассун ба манфиати хазинаи давлатӣ мусодира шавад.
Гуфта мешавад, парвандаи Ҳассун аз 25-уми июни соли ҷорӣ дар Додгоҳи ҷиноии чоруми Димишқ баррасӣ мешуд. Дар ҷараёни муҳокима ӯ ба сӯиистифода аз мақоми муфтии ҷумҳурӣ, барангехтани хушунат ва сафед кардани кушторҳое, ки аз ҷониби режими Асад алайҳи шаҳрвандони Сурия анҷом мешуд, инчунин дастгирии неруҳои низомӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷонибдори ҳукумати собиқ муттаҳам шуд.
Бино ба маълумоти додгоҳ, яке аз иттиҳомоти асосии парванда истифодаи ниҳодҳои расмии динӣ барои “пӯшиши динӣ” додан ба амалиёти низомӣ ва амниятии ҳукумати пешин будааст. Ҳассун ҳамчунин ба ҳавасманд кардани афсарону сарбозони артиши собиқ барои муқобила бо мухолифон ва баёнҳои таҳрикдиҳанда алайҳи аҳолии минтақаҳои таҳти назорати мухолифон ва гурезаҳо муттаҳам шудааст.
Дар ҷараёни муҳокимаҳо шоҳидон низ алайҳи ӯ шаҳодат дода, аз ҷумла дар бораи ҳамоҳангии амниятӣ ва маблағгузории як гурӯҳи мусаллаҳи ҷонибдори ҳукумати собиқ маълумот пешниҳод карданд. Дар ҷаласаи чоруми додгоҳ, ки 30-уми июл баргузор шуд, шоҳидон инчунин иддаоҳо дар бораи фишори молӣ ва сӯиистифода аз нуфузи Ҳассунро баён карданд.
Ёдовар мешавем, ки Аҳмад Ҳассун аз соли 2005 то соли 2021 муфтии тамоми Сурия буд ва дар давраи ҳукумати Башор Асад аз чеҳраҳои наздик ба низоми собиқ ба шумор мерафт. Мақомоти нави Сурия ӯро моҳи марти соли 2025 ҳангоми кӯшиши тарки кишвар боздошт карда буданд.
Ҳукми Ҳассун дар ҳоле содир шуда, ки мақомоти нави Сурия дар доираи раванди адолати давраи гузариш парвандаҳои марбут ба нақзи ҳуқуқи инсон ва ҷиноятҳои замони ҳукумати Башор Асадро баррасӣ мекунанд. Дар моҳи август Додгоҳи ҷиноии чоруми Димишқ алайҳи чанд чеҳраи баландпояи низоми собиқ низ ҳукм содир кард.
Рӯзи 11-уми августи соли ҷорӣ додгоҳ Отиф Наҷиб, раиси собиқи шуъбаи амнияти сиёсӣ дар Дараъо ва писархолаи Башор Асадро ҳузурӣ ба қатл маҳкум кард. Ҳамзамон нисбат ба Башор Асад, Моҳир Асад ва панҷ муттаҳами фирорӣ ҳукми қатл ба таври ғоибона содир шуд. Онҳо ба куштор, шиканҷа, маҳрум кардани ғайриқонунии одамон аз озодӣ, ҷиноятҳо алайҳи башарият ва ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам ва гунаҳкор дониста шуданд.
Ҳафтаи гузашта низ ҳамин додгоҳ Васим Асадро ба эъдом маҳкум карда, амволи манқул ва ғайриманқули ӯро мусодира намуд. Ӯ дар ҷиноятҳои зидди башарият ва ҷиноятҳои ҷангӣ гунаҳкор дониста шудааст.
Силсилаи ин парвандаҳо яке аз аввалин талошҳои густурдаи мақомоти нави Сурия барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсиятҳои марбут ба низоми собиқ пас аз суқути ҳукумати Башор Асад дар моҳи декабри соли 2024 ба шумор меравад. Мақомоти ҳукумати ҷадиди Сурия ҳадафи ин равандро таҳкими волоияти қонун, ҷазо додани мансабдорони собиқе, ки дар нақзи ҳуқуқи инсон ва ҷиноятҳои зидди башарӣ мустақим даст доранд ва инчунин таъмини адолат барои қурбониёни солҳои ҷанг унвон мекунанд.
