Додгоҳи Сурия Башор Асадро ба қатл маҳкум кард

Додгоҳи ҷиноятии Сурия собиқ президенти ин кишвар Башор Асадро ғоибона ба ҷазои қатл маҳкум кард. Ӯ дар ҷиноятҳои зидди башарият, аз ҷумла куштори қасдан, шиканҷа ва боздоштҳои худсарона дар давраи ҷанги шаҳрвандии Сурия гунаҳкор дониста шудааст.

Ба иттилои расонаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ, Додгоҳи чоруми ҷиноятии шаҳри Димишқ рӯзи 11-уми августи соли 2026 ҳукми худро нисбат ба Башор Асад содир кард. Ин нахустин ҳукми додгоҳии расмӣ алайҳи президенти собиқи Сурия пас аз суқути ҳукумати ӯ дар моҳи декабри соли 2024 ба шумор меравад.

Додгоҳ Асадро дар содир кардани ҷиноятҳои зидди башарият, аз ҷумла куштори ғайринизомиён, шиканҷа, боздоштҳои худсарона ва дигар нақзҳои ҷиддии ҳуқуқи инсон дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандии Сурия гунаҳкор донист. Ҳукм ба таври ғоибона содир шудааст, зеро Башор Асад пас аз суқути ҳукуматаш аз кишвар фирор кардааст.

Ҳамзамон додгоҳ бародари ӯ Моҳир Асад ва чанде аз масъулони пешини низоми амниятии Сурияро низ дар ҳамин парванда гунаҳкор донист.

Башор Асад аз соли 2000, пас аз даргузашти падараш Ҳофиз Асад раҳбарии Сурияро ба даст гирифт. Ҳукумати ӯ соли 2011 бо эътирозҳои оммавӣ рӯбарӯ шуд, ки баъдан ба ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ табдил ёфт. Ин ҷанг ба яке аз хунинтарин низоъҳои асри XXI мубаддал гардида, дар пайи он садҳо ҳазор кушта ва миллионҳо нафар маҷбур шуданд хонаҳои худро тарк кунанд.

Моҳи декабри соли 2024 нерӯҳои мухолифи мусаллаҳ вориди Димишқ шуданд ва ҳукумати Асад суқут кард. Собиқ президент баъдан ба Русия фирор намуда, дар он ҷо паноҳандагӣ гирифт. То кунун Маскав дар бораи эҳтимоли истирдоди ӯ ба мақомоти нави Сурия изҳори назар накардааст. Маълум нест ҳукми қатл дар ҳоли ҳозир нисбати Башшор Асад чӣ гуна иҷро мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳабиб Нурмагомедов: Ба далели ҳимоят аз Фаластин сарпарастонро аз даст додем

Ҳабиб Нурмагомедов мегӯяд, ба сабаби ҳимоят аз Фаластин ва...

Кушта шудани як зодаи Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи паҳподии Украина

Дар ҳамлаи паҳподии шаби 9-ум ба 10-уми август ба шаҳри Нижнекамски Ҷумҳурии Тотористони Русия як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд.

Низоми нав: Агар муҳоҷир андозро напардохт накунад, патенташ автоматӣ бекор мешавад

Дар Русия низоми нави ба таври худкор беэътибор донистани патенти кории шаҳрвандони хориҷӣ ба кор оғоз кард.

Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ду медал ба даст оварданд

Дастаи Тоҷикистон дар нахустин иштироки худ дар Олимпиадаи байналмилалии зеҳни сунъӣ (IOAI-2026) соҳиби ду медал шуд.