Додгоҳ раҳбарони “Гурӯҳи 24”-ро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард

Додгоҳи шаҳри Душанбе бо иттиҳомоти сохта раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Суҳроби Зафар ва узви баландпояи ин созмон Насимҷон Шарифовро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Мурофиаи охири онҳо рӯзи 10-уми октябр дар Боздоштгоҳи рақами 1-и Душанбе паси дарҳои баста баргузор шуда, додрас Суҳроби Зафарро ба 30 сол ва Насимҷон Шарифовро ба 20 сол зиндон маҳкум кардааст.

То ҳол мақомот ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд. Ва маълум нест додрас ин ду сиёсатмадори тоҷикро ба кадом бандҳои Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор донистааст, аммо Радиои Озодӣ дар истинод ба ду манбаи огоҳаш аз мурофиа менависад, ки “додрас ҳукмеро ба онҳо дод, ки додситонӣ талаб карда буд”.

Бино ба гуфтаи манбаъ, дар додгоҳ вазъи рӯҳии Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарифов хуб ба назар мерасид ва зоҳиран ба эълони ҳукм омода буданд, чун ҳарду дар суҳбати охирини худ дар мурофиа гуфтанд, ки аз роҳи интихобкардаашон пушаймон нестанд.

“Сӯҳроб Зафар гуфт, аз касе пора нагирифта, ҳаққи касеро нахӯрдааст ва касеро накуштааст ва ҳеч кори хилофи қонуни башарӣ накардааст, ки пушаймон бошад. Ӯ гуфт, ба халқам хиёнат накардам ва созмони мо ҳам террористиву ифротӣ нест,” –менависад Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш.

Инчунин дар рафти мурофиаи охир додрас аз онҳо пурсидааст, ки шумо намедонистед, ки коратон ҷиноят аст ва рӯзе дар назди қонун ҷавоб медиҳед, раҳбари “Гурӯҳи 24” гуфтааст, ки “натанҳо боздошту зиндонӣ шудан, ҳатто кушта шуданро ҳам интизор буданд.”

Дар ҳамин ҳол Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо нашри баёнияе ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанберо нисбати Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарипов маҳкум намуда, аз мақомоти Тоҷикистон озодии бе қайду шарти ин ду маҳбуси сиёсиро талаб кардааст.

Ин кумита ҳамчунин аз тамоми ниҳодҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар хостааст дар ин қазия бетараф набошанд.

Ёдовар мешавем, ки Суҳроб Зафар, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” 10-уми марти соли ҷорӣ ва Насимҷон Шарифов, узви баландпояи ин гурӯҳ 23-уми феврали соли ҷорӣ дар Туркия – кишваре, ки дар он соли 2015 раҳбари қаблии ин гурӯҳ Умаралӣ Қувватов ба қатл расида буд, беному нишон гаштанд ва то иттилоияи Юсуф Раҳмон дар куҷо будани онҳо хабари дақиқе набуд.

Юсуф Раҳмон қариб ним сол пас аз нопадидшавии ин ду мухолифи тоҷик, рӯзи 9-уми августи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарифов дар яке аз боздошгоҳҳои Душанбе қарор доранд, аммо аз иттиҳоми зидди онҳо, тафсилоти чӣ гуна аз Туркия ба Тоҷикистон оварданашон ва вазъи онҳо чизе нагуфта буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.