Додситони ноҳияи Балҷувон пас аз тафтиши дохилӣ аз мақом барканор шуд

Мурод Муқимзода, додситони ноҳияи Балҷувон, пас аз тақрибан як соли фаъолият аз вазифааш барканор шудааст. Тибқи маълумоти дастрасшуда, қарори барканории ӯ моҳи май қабул гардидааст.

Ба гуфтаи манбаъҳои Радио Озодӣ, сабаби барканорӣ ба натиҷаҳои як тафтиши дохилӣ рабт дорад. Гуфта мешавад, дар ҷараёни санҷиш маълум шудааст, ки баъзе муроҷиатҳо ва шикоятҳои шаҳрвандон сари вақт баррасӣ нашудаанд.

Ҳамзамон, бар асоси иттилооти нашршуда, тафтиши дохилӣ баъди ҳодисае оғоз шудааст, ки шаби 19 ба 20-уми май афроди ношинос маҳалли хоби додситонро дар ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон оташ задаанд. Дар он шаб Муқимзода ҳангоми сафари корӣ дар манзили як пизишки маҳаллӣ қарор доштааст.

Ба иттилои манбаъҳо, соҳиби хона аз сар задани сӯхтор огоҳ шуда, додситонро сари вақт аз бино берун баровардааст. Дар натиҷа ба ӯ осеби ҷисмонӣ нарасидааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтиши ҳодисаи оташсӯзиро идома медиҳанд.

Бархе сокинони маҳаллӣ мегӯянд, баъди ин воқеа чанд нафар барои бозпурсӣ даъват шудаанд, аммо мақомот то ҳол дар бораи гумонбарон ё сабабҳои эҳтимолии ҳодиса маълумоти расмӣ нашр накардаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар минтақаи Кӯлоб чунин ҳодисаҳо қаблан низ сабт шудаанд. Соли 2023 мошини додситони собиқи ноҳияи Восеъ Ҷумъаназар Саидаҳмадзода дар назди манзилаш оташ зада шуда буд ва баъдан худи ӯ низ аз вазифа барканор гардид.

Бархе сокинон борҳо ба ниҳодҳои қазоии кишвар аз фасоди густарда, сустӣ дар баррасии парвандаҳо ва сари вақт ҳал нашудани мушкилоти худ шикоят мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.