Доналд Трамп президенти Амрико интихоб шуд

Дар интихоботи президентии Амрико номзади ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп бо ба даст овардани 277 овози интихоботӣ 47-умин президенти ин кишвар эълон шуд.

Ба иттилои расонаҳои амрикоӣ, Камола Ҳаррис, номзад аз Ҳизби демократӣ ва муовини раисҷумҳури феълии Амрико бо ба даст овардани 224 овози интихоботӣ ё 47,45% маҷмуи овозҳо дар ин маъракаи сиёсӣ мағлуб гашт.

Барои пирӯз шудан дар интихоботи президении Амрико номзад бояд аз маҷмуи 538 овози Ҳайати интихобкунандагон ҳаддиақал 270 овоз ба даст биёрад то баранда эълон шавад. Вале каме пештар худи Трамп дар ҷамъе аз ҳаводоронаш дар Флорида гуфт, ки беш аз 300 возро ба даст овардааст ва пирӯзии худро эълон карда буд.

Ӯ дар хитоб ба ҳаводоронаш гуфт, “мо имшаб торихро сохтем, сабаб дар он аст, ки мо аз болои мушкилоте ба осонӣ убур кардем, ки ҳеч кас убур аз онҳоро тасаввур намекард.”

Аллакай Трампро раисҷумҳурони кишварҳои дунё барои пирӯзияш табрик гуфтанд. Ба иттилои хабаргузории France 24, Эммануэл Макрон, расиҷумҳури Фаронса аз аввалинҳо шуда, дар баёнияе Доналд Трампро барои пирӯзияш дар интихобот табрик гуфт.

Инчунин Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина зимни табрикот гуфт, ки умед дорад Трамп ваъдаи худро дар мавриди поён додани ҷанг дар ин кишвар анҷом медиҳад.

Ҳамзамон Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия низ пирӯзии Трампро табрик гуфт ва изҳори умедворӣ кард, ки дар ин давраи ҷадид дар ҳамкорӣ бо Амрико ва дигар кишварҳо буҳронҳои минтақа ва ҷаҳон аз байн биривад ва хусасан ҷангҳо дар Украина ва Ғазза поён ёбад.

Ёдовар мешавем, ки аз дирӯз дар Амрико интихоботи президентӣ шуруъ шуд ва то ҳол шумориши овозҳо ба поён нарасидааст. Вале аксар таҳлилгарон пирӯзии Трампро аз пеш тахмин мезаданд.

Доналд Трамп дар интихоботи президентии соли 2020 дар баробари Ҷо Байден, раисҷумҳури кунинии Амрико мағлуб шуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Маҷлиси намояндагони Амрико салоҳиятҳои Трампро дар ҷанг бо Эрон маҳдуд мекунад

Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳида қатъномаеро қабул кард, ки ҳадаф аз он маҳдуд кардани салоҳиятҳои раисиҷумҳур Доналд Трамп дар истифода аз нерӯи низомӣ алайҳи Эрон аст.

Курсҳои ройгони омодагӣ ба имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ

Дар Душанбе барои шаҳрвандоне, ки барои кор ба Русия...

ҲНИТ калимаи “ҳизб”-ро аз номаш гирифт

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо нашри баёнияе эълон кард, ки аз номаш калимаи "ҳизб"-ро бардоштааст.

Додситони ноҳияи Балҷувон пас аз тафтиши дохилӣ аз мақом барканор шуд

Мурод Муқимзода, додситони ноҳияи Балҷувон, пас аз тақрибан як соли фаъолият аз вазифааш барканор шудааст.