Хабар
СИЁСАТ
Ҳимояи Путин аз иқдоми Раҳмонов
Вазорати корҳои хориҷии Русия аз қарори Тоҷикистон дар бораи тарки Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ истиқбол кардааст.
Вазорати корҳои хориҷии Русия қарори Тоҷикистонро дар бораи хуруҷ аз Оинномаи Рим ва тарки Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ДБҶ) истиқбол кардааст. Дар ҳамин ҳол, Иттиҳоди Аврупо аз Душанбе даъват намудааст, ки тасмимашро бозбинӣ карда, онро бекор кунад.
Дар изҳороти департаменти ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Русия, ки 24-уми ноябри соли ҷорӣ нашр шудааст, гуфта мешавад, ки хуруҷи Тоҷикистон идомаи раванди дур шудани бархе кишварҳо аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ мебошад.
Мақомоти Русия иддао кардаанд, ки ин додгоҳ даъвои беасос барои иҷрои нақши як ниҳоди “универсалӣ”-ро дорад, аммо фаъолияти он боиси нақзи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мешавад. Департаменти ҳуқуқии Вазорати хориҷии Русия ҳамчунин кори додгоҳро якҷониба ва сиёсатзада хонда, гуфтааст, ки эътибор ва беғаразии он зери суол аст.
“Мо чунин қарорҳоро истиқбол мекунем. Ниҳодҳои байналмилалӣ набояд бо ғарази сиёсӣ худро беобрӯ кунанд”, — омадааст дар изҳороти ҷониби Русия.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон 30-юми ноябри соли 1998 Оинномаи Римро имзо карда, соли 2000 онро ба тасвиб расонида буд. Ин санад барои Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 2002 эътибор пайдо кард.
Аммо моҳи октябри соли 2026 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон масъалаи қатъи амали Оинномаи Римро, ки лоиҳаи ин қарорро Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон пешниҳод карда буд, баррасӣ карда, 1-уми октябр қарори дахлдорро ҷонибдорӣ намуд.
Ҳангоми баррасии масъала муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Идибек Каландар гуфта буд, ки ба назари мақомоти кишвар фаъолияти рӯзафзуни сиёсатзадаи Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ онро ба абзори фишори сиёсӣ дар ҳалли баҳсҳои байнидавлатӣ табдил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, чунин интихобгароӣ ва ғаразнокӣ мақоми додгоҳро ҳамчун ниҳоди мустақил зери суол мебарад.
Ҳамчунин ҷониби Тоҷикистон ба СММ нома фиристода, 20-уми ноябри соли 2026 дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид расман ҳамаи кишварҳои узвро аз қарори Тоҷикистон барои хуруҷ аз Оинномаи Рим огоҳ кардааст.
Аммо, гуфта мешавад, ҳанӯз бо вуҷуди ин иқдом Тоҷикистон аз узвияти ин санад ба таври куллӣ хориҷ нашудааст. Тибқи моддаи 127-и Оинномаи Рим, хуруҷи кишвар як сол пас аз расидани огоҳиномаи расмӣ ба дабири кулли СММ эътибор пайдо мекунад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон то 20-уми ноябри соли 2027 узви Оинномаи Рим боқӣ мемонад ва то он вақт бояд уҳдадориҳои худро дар назди ин додгоҳ иҷро кунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Иттиҳоди Аврупо 23-юми ноябр дар изҳороти расмӣ аз қарори Тоҷикистон изҳори таассуф карда, аз Душанбе қатъиян хост, ки онро бозбинӣ ва бекор кунад.
Намояндаи олии ИА таъкид кардааст, ки узвияти Тоҷикистон дар Оинномаи Рим нишонаи пойбандии кишвар ба тартиботи байналмилалии бар қоидаҳо асосёфта, ҳамкориҳои бисёрҷониба ва адолати байналмилалӣ буд. Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, ки Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ зидди давлатҳои соҳибихтиёр амал намекунад ва ба соҳибихтиёрии онҳо таҳдид намекунад.
Ҳамзамон, Раёсати Ассамблеяи кишварҳои узви Оинномаи Рим рӯзи 23-юми ноябр аз ин иқдоми Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, аз Душанбе хост, ки ҳамчун узви ин санад боқӣ монда, нигарониҳои худро дар доираи Ассамблея ба таври созанда баррасӣ кунад.
Ин ниҳод махсусан таъкид кардааст, ки хуруҷ аз Оинномаи Рим кишварро аз иҷрои уҳдадориҳое, ки дар давраи узвият ба зимма гирифтааст, озод намекунад.
Созмони байналмилалии Human Rights Watch низ дар гузориши худ аз 23-юми ноябр аз кишварҳое, ки раванди хуруҷ аз Оинномаи Римро оғоз кардаанд, аз ҷумла Тоҷикистон, даъват намудааст, ки тасмими худро бозбинӣ кунанд ва узви ин додгоҳ боқӣ монанд.
Дар соли 2026 дар баробари Тоҷикистон раванди хуруҷ аз Оинномаи Римро Нигер, Буркина-Фасо, Малӣ, Венесуэла, Чад ва Науру низ оғоз кардаанд.
Бояд гуфт, Тоҷикистон дар ҳоле дар бораи хуруҷ аз Оинномаи Рим тасмим гирифтааст, ки иҷро нашудани дархости Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошт ва супоридани Владимир Путин ба додгоҳ қаблан боиси вокуниши ин ниҳод ва Иттиҳоди Аврупо шуда буд.
Моҳи марти соли 2023 Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ нисбат ба президенти Русия Владимир Путин бо иттиҳоми ҷиноятҳои ҳарбӣ, аз ҷумла депортатсия ва интиқоли ғайриқонунии кӯдакони украинӣ, ордери боздошт содир карда буд.
Моҳи октябри соли 2025, ҳангоми сафари Путин ба Тоҷикистон, мақомоти кишвар ин дархостро иҷро накарданд ва Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ моҳи марти соли 2026 расман эълон кард, ки Тоҷикистон уҳдадориҳои худро дар доираи Оинномаи Рим иҷро накардааст ва масъала ба Ассамблеяи кишварҳои узви додгоҳ ирсол гардид.
Путин рӯзҳои 19 ва 20-уми ноябри соли 2026 низ ба Тоҷикистон сафар кард ва боздошт нашуд. Ҳамзамон, тибқи огоҳиномаи расмии СММ, Тоҷикистон 20-уми ноябр расман дархости хуруҷ аз Оинномаи Римро пешниҳод кардааст.
Бояд гуфт, чанде пеш, моҳи апрели соли 2025 Наҳзати исломии Тоҷикистон (собиқ ҲНИТ) ҳамроҳ бо созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ба Додситонии Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар Гаага аз Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти Тоҷикистон шикоят бурда, онҳоро ба даст доштан дар ҷиноятҳои зидди башарият муттаҳам карда буданд. Дар ин муроҷиат беш аз 60 мавриди эҳтимолии нақзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла шиканҷа, куштор, боздоштҳои худсарона ва нопадидшавии маҷбурӣ, ҳуҷҷатгузорӣ шудааст. Додситонии додгоҳ бояд ин маводро арзёбӣ карда, муайян кунад, ки оё барои оғози таҳқиқи расмӣ асосҳои кофии ҳуқуқӣ вуҷуд доранд ё на. То ин замон дар бораи оғози чунин таҳқиқот эълони расмӣ нашудааст.