31.9 C
Dushanbe

Ду интихоб барои муҳоҷирон: Ё ҷанг дар Украина ва ё истирдод ба Тоҷикистон

Мақомоти Русия бо тарс додани баъзе аз муҳоҷирони Тоҷикистон аз онҳо хостаанд, ки ё омодаи рафтан ба ҷанг дар Украина шаванд ва ё истирдод ба Тоҷикистон.

Ирмӯз, 30-уми сентябри соли 2022 Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паёмони Миллии Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаҳои Созмони Амният ва Ҳакории Аврупо аз бархе мақомоти Русия дар робита ба қасди эъзоми муҳоҷирони тоҷикистонӣ ба ҷанг дар Украина интиқод кард.

Раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон гуфт, иддае аз муҳоҷирони Тоҷикистон, ки муқими Русия ҳастанд, ба ӯ муроҷиат карда гуфтаанд, мақомоти Русия онҳоро даъват карда таъкид намудаанд, ки номи онҳо дар “феҳристи ҷинояткорон”-и Тоҷикистон аст, бояд истирдод шаванд.

Аммо мақомоти Русия ба онҳо пешниҳод карда гуфтаанд, ки “агар он муҳоҷирони тоҷик тибқи шартнома барои рафтан ба ҷанги Русия бо Украина розӣ шаванд, онҳоро истирдод нахоҳанд кард.”

Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, дар байни касоне, ки бо чунин мазмун ба онҳо муроҷиат кардаанд, на танҳо аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва дигар гурӯҳҳои мухолифин ҳузур доранд, балки дигарон ҳам ҳастанд.

Гуфта мешавад, пас аз оғози эълони фармони “басиҷи умумӣ”, ки ахиран аз ҷониби Владимир Путин дар Русия имзо шуд, на танҳо муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки худи русҳо ва шаҳрвандони Русияро низ хеле сахт нигарон кардааст. Инчунин ин фармон боиси он шуда, ки садҳо ҳазор шаҳрвандони Русия аз кишвар фирор кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.