Ду рӯзноманигори тоҷик баъди афв озод шуданд: яке ба соҳибкорӣ, дигаре ба табобат машғул мешавад

Ду рӯзноманигори тоҷик — Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода рӯзи 18-уми июл бар асоси Қонуни афв аз зиндон озод шуданд.

Завқибек Саидаминӣ пас аз раҳоӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пас аз озодӣ эҳсос мекунад, ки «ба дунёи дигар омадааст». Ӯ афзуд, ният дорад ба соҳибкорӣ машғул шавад ва пеш аз ҳама ба аёдати наздиконаш равад, зеро дар давраи ҳабс як амак ва як аммааш аз дунё гузаштаанд.

Саидаминӣ ҳамчунин гуфт, муносибати кормандони муассисаи ислоҳӣ нисбат ба ӯ ва рӯзноманигор Далери Имомалӣ хуб буд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо дар фаъолияти клуби фарҳангии зиндон ҳамкорӣ мекарданд.

Ӯ инчунин аз сарнавишти дигар рӯзноманигорони маҳкумшуда низ хабар дод. Ба гуфтаи Саидаминӣ, дар ҳамон муассисаи ислоҳӣ Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Аҳмади Иброҳим, Хушрӯз (Хушом) Ғуломов, Абдуқодири Рустам ва Абдухалил Холиқзода низ адои ҷазо мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, бар асоси Қонуни афв муҳлати ҳабси Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Аҳмади Иброҳим се сол ва муҳлати ҳабси Хушрӯз Ғуломов як сол кам карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ пас аз озодӣ дар суҳбат бо «Азия-Плюс» гуфт, ки субҳи 18-уми июл аз Тавқифгоҳи тафтишотии рақами 1 (СИЗО-1), маъруф ба «критий», раҳо шудааст. Ӯ гуфт, ҳоло қасд дорад пеш аз ҳама ба табобати худ машғул шавад.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода моҳи июли соли 2022 боздошт шуда, моҳи декабри ҳамон сол бо иттиҳоми «даъвати оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ ва сафедкунии экстремизм» ба ҳафт соли зиндон маҳкум гардида буд. Худи ӯ ин иттиҳомро рад карда, худро бегуноҳ медонист.

Ҳар ду рӯзноманигор соли 2022 боздошт ва маҳкум шуда буданд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ва расонаӣ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд, ки онҳоро озод кунанд. Мақомоти Тоҷикистон бошад, таъкид мекарданд, ки парвандаҳои онҳо хусусияти ҷиноятӣ доранд ва ба фаъолияти касбии онҳо иртибот надоранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Дулан”-ҳои “соҳибдор” ва сокинони рӯ ба раҳми Худо

Марги чанд нафар дар асари як садама бинобар нуқси фаннӣ (техникӣ) фоҷеъаи табиӣ нест ва дар дилхоҳ кишвари мардумсолор зилзила бармеангезад.

Мақомот: Муҳоҷирати корӣ 1,7 дарсад коҳиш ёфт, аммо шумораи расмии бекорон афзуд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар нимаи аввали соли 2026 муҳоҷирати...

Аз курйерӣ дар Русия то асорат дар Украина – саргузашти як шаҳрванди Тоҷикистон

Навори муроҷиати шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Азимзода Давлат Одина, ки...

Испания қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии 2026 шуд

Тими миллии Испания рӯзи якшанбе, 19 июл, дар финали...