24.9 C
Dushanbe

Духтари ятим тавонист номаашро ба Эмомалӣ Раҳмон бирасонад

Рӯзи 12 сентябр дар шаҳри Панҷакент Хосият Олишова хонандаи синфи 10 ҳангоми гузаштани корвони мошинҳои Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Рудакии шаҳри Панҷакент ба самти бинои панҷошёнаи “Саразм-плаза” ҳаракат доштанд, пеши роҳи мошинро гирифт ва номаашро ба Президент расонид.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Панҷакент дар доираи ҷашни 5500 солагии Саразм, анҷом пазируфт.

Ба гуфтаи шоҳидон, муҳофизони президент хостанд боз доранд, вале  Эмомалаӣ Раҳмон ишора кардааст, ки монанд биёяд.

Баъди тақдими нома ба Президент, Хосиятро ба ҳукумати шаҳри Панҷакент бурдаанд.

Сухангӯи дафтари матбуотии Президент Абдуфаттоҳ Шарифзода ба Радиои Озодӣ гуфт: “воқеан чунин ҳолат пеш омад ва Президент ба ман гуфтанд, ки духтарча ятим будааст, мушкилот доштааст”.

Шарифзода гуфтааст: “Ҳоло нома дар дасти Президент аст. Вақте вай ба тарафи корвони президент ҳаракат кард, президент мошинро манъ карда, даст аз оинаи мошин берун кард. Даъваташ карданд ва номаашро гирифтанд”.

“Баъд аз тақдими нома ба Президент як рӯз пас мақомоти шаҳрдории Панҷакент ба хонаводати Хосият, орд, равған ва дигар маҳсулоти хурокворӣ, инчунин 10 ҳазор сомонӣ пул кумак кардааанд”, – мегӯяд Умед Ҳабибов, раиси Дастгоҳи шаҳри Панҷакент.

Хосият ва модараш дар шаҳи Панҷакет дар як хонаи иҷора зиндагонӣ мекардаанд ва се моҳ қабл падараш вафот кардааст, онҳо ҳеч сарпаноҳе надоштаанд. Хосият дар мактаби рақами 71 шаҳри Панҷакент таҳсил мекардааст.

Директори мактаби рақами 71-и шаҳри Панҷакент Мақсуда Аҳророва гуфта, ки “ Хосият дар номааш аз Президент хоҳиши манзили зист кардааст, зеро ӯ бо модараш дар иҷора зиндагӣ доранд”.

Аҳророва гуфтааст: “Хосият аз хонандаҳои фаъол аст ва таҳсили хуб дорад, 3 моҳ пеш падараш фавтидааст ва онҳо бесарпаноҳ мондаанд”.

Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таҷлил аз 5500 солагии Саразм, ки аз тарафи аҳли илм ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун маркази ташаккули фарҳанги кишоварзиву ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эътироф шудааст, иштирок намуд.Ҳамасола Президенти Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳо сафарҳои корӣ анҷом медиҳад. Ба гуфтаи мақомот мақсади ин сафарҳо шиносоӣ ба вазъи зиндагии мардум ва мулоқот ба онҳо аст, вале дар асл ба назди Президет нафароне роҳ дода мешаванд, ки аз мушкилиҳои ҷойдошта ҳарф назананд, то аз вазъи зиндагии мардум огоҳӣ пайдо кунад.

Ба гуфтаи огоҳони умур он суханрониҳо ва мадҳияҳое, ки дар васфи Президент хонда мешавад, як моҳ қабл аз тарафи ҳукумати шаҳру вилоятҳо ва кумитаи амният омода мешаванд ва сокинон онро мехонанд. Касе дар ин вохӯриҳо беиҷозаи мақомот дар назди Президент ҳарфи зиёдатӣ намезанад.

Аммо муҳаллилони сиёсӣ тасодуфӣ будани ин амали ятимдухтарро зери суол бурда, сохтакории мақомот ва таблиғоти пешазинтихобтии Эмомалӣ Раҳмон медонанд. Муҳаммадҷон Кабиров, коршиноси масоили сиёсӣ бар ин назар аст, ки “хати муҳофизатии Президент назорати хеле қавӣ дорад, ки эҳтимоли тасодуфӣ будани ин ҳаракатро зери шубҳа мебарад, ба хусус дар вазъияти пандемия, ки эҳтимоли интиқоли вирус аз тариқи номаро боло мебарад. Дар гузашта сокинонеро, ки дар вохӯрӣ бо Рахмонов ба Хуросон ҳозир шуда буданд, 14 рӯз қарантина карданд. Аз ин рӯ, баид нест ин ятимдухтар барои ин кор аз назароти табибон пурра гузашта бошад ва ин амал дар арафаи интихобот метавонад як вонамуд кардан ва ё президенти мардумӣ нишон додани Раҳмонов бошад”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сомон Маҳмадбеков қаҳрамони Бозиҳои Осиё

Варзишкори хушноми тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Чин қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи осиёӣ шуд.

Боздошти писари ректори Донишгоҳи славянӣ

Пулиси шаҳри Душанбе Файзулло Комёб Машраби 18-cола ва Аҳтамзода Оятулло Хушбахти 19-cоларо боздошт кардааст. 

Сафари Эрдуғон ба Нахҷавон

Пас аз тасарруфи минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ Раҷаб Тайиб Эрдуғон нахустин раисҷумҳурест, ки бо сафари расмӣ вориди Озарбойҷон шудааст.

Кӯчаҳои пур аз партови шаҳри Хуҷанд

Сокинони шаҳри Хуҷанд аз бемасъулиятии масъулон дар робита ба тозакорӣ ва таъмири вайронаҳои ин шаҳр шикоят доранд.