Акнун “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷирон аз Русия боз ҳам бештар мешавад

Вакилони рус дар ҳамин ҳафта лоиҳаи қонунеро баррасӣ мекунанд, ки васеъ намудани рӯйхати асосҳои ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷиронро аз кишвар пешбинӣ мекунад.

Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин дар “Telegram”-и худ хабар додааст, ки дар аввал пешниҳод шуда буд, ки ин рӯйхат аз 22 то 43 модда зиёд карда шавад, аммо баъди ворид шудани тағйиру иловаҳо шумораи моддаҳое, ки ихроҷи муҳоҷиронро ҳамчун ҷазо пешбинӣ мекунанд ба 45 мерасад.

Тибқи ин лоиҳа, ба рӯйхати асосҳои ихроҷ ҳуқуқвайронкунии марбут ба табъиз, яъне поймол кардани ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон вобаста ба ҷинс, нажод, ранги пӯст, миллат, забон, синну сол ё муносибат ба дин илова мешавад.

Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки барои итоат накардан ба амру фармони қонунии нерӯи низомӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои ӯ барои ҳифзи сарҳади давлатии Русия низ шаҳрвандони хориҷӣ ихроҷ карда шаванд.

Дар баробаробари ин муҳоҷиронро аз Русия барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, итоат накардан ба талаботи кормандони пулис ё Росгвардия, монеъ шудан ба кори нақлиёт ва инфрасохтор, барои паҳн кардани маводҳои “таҳқиркунандаи ахлоқи ҷамъиятӣ” дар интернет, инчунин ҳар гуна амалҳои оммавие, ки ҳамчун бадномкунии артиши Русия ё даъват ба ҷорӣ кардани таҳримҳо бар зидди ин кишвар арзёбӣ мешаванд, ихроҷ мекунанд ва лоиҳаи қонун барои чандин ҳуқуқвайронкуниҳо ҷаримаҳои гаронтарро пешбинӣ мекунад.

Володин мегӯяд, қабули ин тағйиру иловаҳо ба “баланд бардоштани амнияти ҷамъиятӣ ва барқарор намудани тартибот дар соҳаи муҳоҷират” равона шудааст.

Дар ҳоле вакилони рус мехоҳанд рӯйхати “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро бештар кунанд, ки танҳо Вазорати корҳои дохилии Русия дар соли 2025 аз ин кишвар 72 000 муҳоҷирро, ки гӯё қонунгузории Русияро вайрон карда буданд, ихроҷ кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазорат бояд унвон диҳад ё ҳунарманд онро биталбад? Унвони “Ғарибшоҳ” баҳсбарангез шуд

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар нишасти матбуотии худ ба баҳсҳое, ки пас аз даргузашти Бахтиёр Раҳимов, роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии «Ғарибшо кампания», дар бораи надоштани унвони давлатӣ ба миён омада буданд, посух дод.

Садамаи маргбор дар Фархор: чанд нафар ҷон бохт

Дар садамаи вазнини нақлиётӣ, ки рӯзи 4-уми июл дар роҳи Фархор – Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Бобосафои ноҳияи Фархор рух дод. Дар натиҷа 7 нафар ҷон бохта, як нафари дигар ҷароҳат бардоштааст.

Ҷоми ҷаҳонии 2026: Бразилия ҳам аз мусобиқа хориҷ шуд, Норвегия таърих сохт

Марҳилаи 1/8-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 бо идомаи натиҷаҳои ғайричашмдошт идома дорад.

Гуфтугӯи Трамп бо Путин ва Зеленский

Доналд Трамп рӯзи 4-уми июл бо Владимир Зеленский ва Владимир Путин ба таври ҷудогона суҳбатҳои телефонӣ анҷом дод.