Думаи давлатӣ қонуни боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро қабул кард

Думаи давлатии Русия рӯзи 10-уми июн дар хониши дуюм ва сеюм, яъне ниҳоӣ қонунеро қабул намуд, ки мувофиқи он ҳаҷми боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон зиёд карда мешавад.

Ин қонун болоравии боҷҳои давлатиро барои чанде аз хидматрасониҳое, ки марбут ба муҳоҷиратанд пешбинӣ намуда, тибқи он маблағи боҷ барои гирифтани шаҳрвандии Русия 12 маротиба афзоиш ёфта, аз 4 ҳазору 200 рубл ба 50 ҳазор рубл мерасад.

Ҳамчунин арзиши гирифтани иҷозати иқомати муваққатӣ 8 маротиба зиёд шуда, аз 1 ҳазору 920 рубл ба 15 ҳазор рубл мерасад. Ҳамчунин боҷи гирифтани иҷозатномаи иқомати доимӣ 5 маротиба боло рафта, аз 6 ҳазор рубл ба 30 ҳазор рубл хоҳад расид.

Илова бар ин, боҷи додани иҷозат барои ҷалби муҳоҷирон ба кор то 15 ҳазор рубл барои ҳар як коргари хориҷӣ зиёд карда мешавад.

Тибқи ин қонун шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандеро, ки қаблан шаҳрвандони ИҶШС будаанд ва дар барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон ва аъзои оилаи онҳо иштирок мекунанд, аз пардохти боҷ барои қабул ба шаҳрвандии Федератсияи Русия озоданд.

Ҳамчунин, аз пардохти боҷи давлатӣ барои гирифтани иҷозати иқомати муваққатӣ ё иҷозатномаи иқомати доимӣ шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки тибқи фармони президенти Русия барои кишвар дорои аҳамияти махсус дониста шудаанд, инчунин аъзои оилаи онҳо, озод карда мешаванд.

Аз пардохти боҷ барои қабул ба шаҳрвандӣ ва гирифтани иҷозатномаи иқомати доимӣ инчунин хориҷиёне озод мешаванд, ки дар замони ҷанг бо Украина бо Қувваҳои мусаллаҳи Русия шартномаи хидматӣ бастаанд.

Ба иддао раиси Думаи давлатӣ, Вячеслав Володин, чунин тадбирҳо ба танзими беҳтари соҳаи муҳоҷират мусоидат намуда, ҳамчунин даромади иловагӣ ба буҷетро тақрибан солона то 15 миллиард рубл меоранд.

Володин гуфтааст, ки онҳое, ки мехоҳанд дар Русия зиндагӣ кунанд ва шаҳрвандии онро ба даст оранд, бояд ба меъёрҳои муқарраршуда ҷавобгӯ бошанд, аз ҷумла забони русиро донанд, қонунҳои Федератсияи Русияро риоя намоянд ва ба анъанаҳо, таърих ва фарҳанги кишвар эҳтиром гузоранд.

Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки аз оғози соли 2024 то имрӯз дар самти муҳоҷират 22 қонун қабул шуда, айни замон дар баррасии Думаи давлатӣ 10 тарҳи дигари қонун қарор дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.