26.9 C
Dushanbe

Дурнамои ҳамкории САҲА ва Тоҷикистон

Дар Душанбе 29-уми август дурнамои ҳамкорӣ дар самтҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баррасӣ шуд.

Тавре Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, мулоқоти раиси ин ниҳод Султон Раҳимзода бо сафир ва роҳбари Дафтари барномаҳои (САҲА) Вилли Кемпел дар Душанбе сурат гирифта, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва САҲА, аз ҷумла дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва соҳибкориро меҳвари гуфтугӯи худ қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки чанд сол аст мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тавассути нишастҳои САҲА, ки ҳар сол дар пойтахти Лаҳистон шаҳри Варшава баргузор мешвад, вазъи ҳуқуқу озодиоҳи инсонро дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон зери суол бурда, аз он шадидан интиқод мекунанд. Ин боиси ранҷиши Душанбе шудааст ва бо ин баҳона чанд сол боз Тоҷикистон дигар дар нишастҳои ин созмон иштрок намекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.