14.9 C
Dushanbe

Дуздони давлатӣ

Моҳи гузашта пойгоҳи “Диссернет” устоди фанни равоншиносии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд Гулнора Мамадалиеваро ба асардуздӣ муттаҳам кард.

Муҳаққиқони ташкилоти “Диссернет” муайян кардаанд, ки Мамадалиева бахши аъзами кори номзадиашро, ки моҳи июни 2011 дар мавзӯи “Усули психологӣ ва педагогии пешгирӣ ва ислоҳи изтироби наврасони муосир” дифоъ кардааст, аз навиштаҳои Стелла Сидоркина “рӯйбардор” кардааст. Сидоркина номзадияшро соли 2010 ҳимоя кардааст.

Аммо ин хонум дар миёни олимони тоҷик танҳову тоқа нест, ки ба сирқати осори илмии дигарон муқассир шинохта мешавад. Моҷарои асардуздии олимони тоҷик дар солҳои ахир ба ҳадде доғу пуровоза шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар ноилоҷ шуд, ин масъалаи шармоварро дар як ҷаласа матраҳ карда ва ба ин гуна олимон, бахусус онҳое, ки дар мақомоти давлат ва раҳбарияти муассисаҳои илмиву таълимӣ фаъолият мекунанд, ҳушдор бидиҳад, ки аз мансабу мақом ронда хоҳанд шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқоташ бахшида ба Наврӯзи соли 2020 дар 18 март дар кохи “Борбад”-и пойтахт гуфт:

“Аз ин ба баъд ҳар мансабдоре, ки майли навиштану дифои рисолаи илмиро дорад, бояд аввал аризаи истеъфояшро нависад ва сипас ба илм машғул шавад”.  

Ҳарчанд аз он мулоқот ва таҳдиду ҳушдори роҳбари давлат як сол сипарӣ мешавад, вале ҳеҷ яке аз шумори чунин олимони мансабдор аз мақому мансабҳои давлатӣ барканор нашуданд.

Баръакс, афроде назири Қобилҷон Хушвақтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Давлаталӣ Сайидов, муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон, Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, муовини Сарвазири Тоҷикистон, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияи навини Тоҷикистон, Шоҳин Саидзода, раиси Оҷонси назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон, Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва Асадулло Раҳмон, ёвари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили кадр дар мансабҳо ва масъулиятҳои давлатӣ фаъолият карда истодаанд.

Беш аз ин ҳамаи ин нафарон ки тавассути “Диссернет” ба дуздии корҳои илмии дигарон бадном шуданд, бо фармону қарори худи Эмомалӣ Раҳмон дар мақому мансабҳои болотаре таъйин шудаанд.

Ин ба истилоҳ “олимон” ба ҳадде ба обрӯи илми тоҷик иснод оварданд, ки бархе аз онҳо ба ҷои калимаи “хукпарварӣ”, “гусфандпарварӣ” ва ба ҷои “Сибир”, “Хатлон” ва ҷои “Русия”, “Тоҷикистон” ва ҳамин тавр ҷойи “гандум” “пахта” навиштаву осори илмии дигарҳоро моли худ эълон кардаанд.

Аммо масъала ва мавзӯи мо ин нест, ки чаро ин ба истилоҳ”олимон”-и тоҷик даст ба чунин дуздӣ зада боиси обрӯрезии илму миллати тоҷик шудаанд, балки ин аст, ки чаро ҷаноби Раҳмон, ки гуфт ҳамчунин нафарон аз мақомҳо барканор ва минбаъд дар мақомоти давлатӣ ифои вазифа нахоҳанд кард, на ин ки ба мансабу вазифаҳои давлатӣ истихдом шуданд, беш аз ин ба вазифа ва мансабҳои баландтар мансуб шуданд.

Барои мисол “Диссернет” вақте асардуздии Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзодаро ифшо кард, ки ӯ раиси вилояти Хатлон буд, вале ӯ бо имзои худи Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир таъйин гардид, Ҳамчунин Шоҳин Саидзода, ки мақоми давлатӣ надошт, баъд аз онки маълум шуд рисолаи илмии як олими Русияро ба сирқат бурда сафҳа-сафҳа дуздидааст, раиси Оҷонси назорати соҳаи маорифи Тоҷикистон таъйин шуд.

Шерали Кабир ҳам, баъди бадномсозии созмони “Диссернет” аз раҳбарии Талко ба мансаби вазири саноат ва технологияҳои навин таъйин шуд. Ба ин тартиб дар сатҳи ҳукумати Тоҷикистон на як нафару ду нафар, балки чандин нафаре кору фаъолият доранд, ки бо асардуздӣ ба даст афтодаанд ва бинобар қавлу таҳдиду таъкиди Президент Раҳмон ба мақомҳо намебоист таъйин мешуданд.

Шояд овардани онҳо ба ин хотир бошад, ки мутахассисини беҳтарин ва шоистаи мақоманд? Вале чуноне маълум гардид ин тавр нестанд. Барои мисол ҳамин Шоҳин Саидзода, раиси Оҷонси назорат бар соҳаи маорифи Тоҷикистон, ки чанд рӯзи пеш дар ҳузури вакилони Маҷлиси намояндагон суханронӣ мекард ба ҳадде ноогоҳ ва гӯлу гаранг буд, ки моҳияту мазмуни саволҳоро дарк намекард ва вакилони парлумон, аз ҷумла Саидҷаъфар Усмонов ба ӯ ишора кард, ки инҷо ҷойи шумо нест:

“Ҳукумат ба Шумо бовар кардааст. Вазифаи беҳад калон доред, барои синну солатон беҳад калон аст. Ба дараҷаи даркорӣ тайёрӣ надида омадед. Фарқ надорад, ки бори аввал аст ё дувум, вазифадоред, ки хуб тайёрӣ дида оед.”

Ҳайаратовар ин аст, ки Шоҳин Саидзода соли 2016 барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ мешавад, вале пойгоҳи “Диссернет” соли 2018 ӯро ба асардуздӣ муттаҳам мекунад. Ҳамин Шералӣ Кабир ҳам, ки аз курсии Талко ба Вазорати саноат нишаст, Талкоро ба хоки сияҳ нишонд. Аммо инҷо ҳам ҷаноби Раҳмон ҳарфи худ, ки “асардуздон минбаъд дар ҳукумат кор нахоҳанд кард”-ро ба дасти фаромушӣ супориду вайро оварду вазир кард.

Фикр мекунед, ки чаро ин тавр шуд ва чаро Раҳмон зери қавлаш зад ва ин ҳама дуздони ифшошуда ва бадастафтодаро, ба рағми ончи ки худаш эълон кард, дар мақомоти олии ҳукумат нишонд?

Ба назар мерасад барои Раҳмон асардуздӣ он қадар дуздии калон, дуздии кирои гап ба ҳисоб намеравад. Зеро ин худи ӯст, ки шароит фароҳам карда, ки миллионҳо миллионҳо доллар ба сирқат бурда шавад. Асардуздӣ ба назари вай чизе казоӣ маҳсуб намешавад.

Дар ҳоле, ки инҷо обрӯи миллат, эътибори илм, шарафи тоҷику тоҷикият ва давлати Тоҷикистон дар васат аст.

Як коршиноси тоҷики муқими Аврупо гуфт, инки миллионҳои мардум ва миллатро ба сирқат мебаранд чизи пинҳону пӯшидае нест. Вале иллати инки чаро Раҳмон қавли худро зери по гузошта як идда аз асардуздонро дар мақомоти давлатӣ вазифа дод, ин аст, ки “худи Раҳмон бо тақаллуби орои мардум курсии қудратро ҳифз кардааст. Вақте дуздӣ ба як амри маъмулӣ ва ба урфу таомули рӯзмарраи ҳукумат табдил шудааст ва ин ҳама моҷаро дар пеши чашми мардум сурат мегирад, асардуздӣ дуздӣ ба ҳисоб намеравад. Шумо худ шоҳид будед, ки чи тавр кӯмакҳои хориҷиро аз номи худу домоду писарҳояш ба мардум тақсим кард?”

Инҷо суол пеш меояд, ки ин ҳама аз чи гувоҳӣ медиҳад? Метавон гуфт, ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Раҳмон, дар мазҳари ом ҳарфи дигар мезанад, вале дар дохили ҳукумат кори дигар мекунад. Гузашта аз ин, Раҳмон ва дастуру супоришҳои ӯро мақомоти зидахл ҷиддӣ қабул намекунанд. Дар сурати ғайр ниҳодҳои масъул дар бахши кадр, боястӣ ӯро дар ҷараён мегузоштанд, ки ҷаноби Президент шумо худатон чунин қавл дода будед.

Аммо ин корро карда наметавонанд. Зеро Асадулло Раҳмон, ки ёрдамчии раиси ҷумҳурӣ дар умури кадр аст, худаш асардузд аст ва ӯ яке аз аввалин дуздони илмӣ аст, ки “Диссернет” ӯро фош кард. Аз сӯи дигар ба назар мерасад, ки Раҳмон огоҳ аст, ки ҳамин нафарон чунин камбуд ва нақс доранд, аммо онҳо бо ину он васила (ҳаммаҳал) ва ё пуштибонии яке аз наздиконаш (пора ва пул) пешбарӣ шудаанд. Ин ба он маъно аст, ки афрод ва гурӯҳҳои таъсиргузор ва манфиатдоре ҳастанд, ки ихтиёрот ва салоҳиятҳои ӯро тасоҳуб кардаанд. Ба ин маъно, ки сахт мавриди эътимои Президент ҳастанд.

Мақомоти амниятии кишвар, ки хурдтарин маълумотро ба Раҳмон мерасонанд ва ҳар кадре аз ғалбери онҳо гузаронида мешавад, номаълум аст, ки барои таъйину тасдиқи ин ҳама асардузд чи тавр “о.кей”дода бошанд. Агар ки Раҳмон дар қавли худ устувор буд ва агар ки мехостанд Раҳмонро дар инҷо низ дар чашми мардум дурӯғгӯ насозанд, ( лимити барқу афсонаи бебарқиро ба ёд оваред) мебоист Асадулло Раҳмон довталабона истъфо медод.

Акнун, ки масъалаи дуздии ин нафарон маълум ва мардумӣ шуд, яъне худи раиси ҷумҳурӣ ин иттиҳомро тасдиқ ва эътироф кард, ки дуздӣ кардаанд, мебоист вокунишаш ҳам намоён мешуд, ки барои мисол чаро ба онҳо мансаб додааст. Имкон надорад, ки вақти таъйини ҳамин афрод ба мансабҳо Раҳмон маълумот надошта бошад, ки онҳо ба “плагиат” муттаҳам шуданд.

Дар ҳар сурат имрӯзҳо дар ҳайати ҳукумати Раҳмон афроде соҳиби мақому мансаб ҳастанд, ки онҳоро пойгоҳи “Диссернет” ба дуздӣ муттаҳам кардааст ва ин дуздони давлатӣ, ҳеҷ кадоме барои ҳифзу ҳимояти худ ва радди иддиоҳои ин ташкилот лому мим нагуфтаанд. Ҳамчуноне Гулнора Мамадалиев, устоди равоншинос дар Донишгоҳе дар Хуҷанд бо гузаштаи беш аз як моҳ аз муттаҳам хонданаш ба асардуздӣ ҳеҷ вокуниш нишон надодааст.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.