Элон Маск аз вуқуи ҷанги ҷаҳонии сеюм ҳушдор дод

Элон Маск, милёрдери амрикоӣ ва молики шабакаи иҷтимоии Х (собиқ твиттер) дар изҳороте аз эҳтимоли вуқуи ҷанги ҷаҳонии сеюм ҳушдор дод.

Элон Маск дар суҳбати мубоҳисавие дар шабакаи Х шаби гузашта гуфт, ки “Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯркӯрона ба сӯи ҷанги ҷаҳонии сеюм меравад, ки ин кор тамаддуни инсониро ба таври куллӣ зери хатари нобудӣ қарор медиҳад.”

Ин милёрдери машҳури амрикоӣ зимни суханронияш таъкид кард, ки дар ин марҳила “авлавият дар сиёсатҳои Амрико бояд пешгирӣ аз шуруъи ҷанги ҷаҳонии сеюм бошад ва ба мавзеъгириҳое, ки сабаби вусъат ёфтани ҷангҳои иқлимӣ ба ҷанги ҷаҳонӣ мешаванд, иҷозат надиҳад.“

Бо ин вуҷуд то ҳол ба изҳороти Элон Макс мақомоти Амрико вокуниш накардаанд. Аммо ин пулдортарин марди ҷаҳон, ки соле қабл шабакаи иҷтимоии Твиттерро харидорӣ ва баъдан номи онро ба Х тағйир дод, борҳо назарҳои баҳсбарангезеро вобаста ба вазъиятҳои гуногун матраҳ кардааст, ки боиси вокунишҳои зиёд шудаанд.

Суханронии Маск ва ҳушдори ӯ аз вуқуи ҷанги ҷаҳонии сеюм дар ҳолест, ки тамоми қудратҳои дунё ҳароси онро доранд, ки ҷанг байни Исроил ва ҲАМОС аз доираи худ берун наравад ва шомили кишварҳои дигар нашавад.

Эрон борҳо ба Исроил ҳушдор дода, ки дар ҳолати ҳамлаи заминии ин кишвар ба Навори Ғазза ҷанг аз доираи худ берун меравад ва эҳтимол дигар кишварҳо низ мудохилат кунанд. Аз сӯи дигар, Амрико ва Исроил ба Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон низ ҳушдор додаанд, ки даст аз мудохила бардоранд ва дар сурати дахолат кардан посухи сангине хоҳанд гирифт.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати беҳдошти Фаластин рӯзи 23-уми октябр эълон кард, ки дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза шумори кушташудагон ба 5087 нафар расидааст, ки 2055 нафарашон кӯдакон ва 1119 нафари дигарро заонон ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи ин ниҳоди фаластинӣ, шумори захмиён аз 15200 нафар ҳам гузашт.

Мақомоти фаластинӣ эълон кардаанд, ки беш аз 1 миллион нафар аз аҳолии Ғазза дар пайи ҳамлаҳои Исроил овора шуда ва ҳазорҳо хонаву биноҳои маскунӣ пурра харобу валангор гаштаанд.

Исроил низ эълон кард, ки дар пайи ин даргириҳо то кунун беш аз 1400 нафар кушта шудаанд, ки 308 нафарашон сарбозони артиш буднд ва инчунин беш аз 3 ҳазор нафар захмӣ шудааст. Артиши Исроил мегӯяд, ҲАМОС наздики 200 нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ ва исроилиро асир гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Марзи номус: Галустяни “ҚАҲРАМОН” ва Раҷабови “ҶИНОЯТКОР”

Ду таҳқир, ду вокуниш: ҷомеъа якеашро диду вокуниш нишон дод, аммо мақомоти ҳардуяшро нодида гирифтанд ва ҳатто дар таҳқири миллат шарик шуданд.

Дар Русия мехоҳанд аз пули фиристодаи муҳоҷирон андоз ситонанд

Баъзе аз сиёсатмадорон дар Русия пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми интиқоли пул аз Русия ба хориҷ то 3 дарсад маблағи иловагӣ ситонида шавад.

СММ: Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт доранд

Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт дошта, зиёда аз 80 дарсади хисороти аз офатҳои табиӣ расидаро ташкил медиҳанд.

“Бесавод” ва “неандертал”: Интиқоди Шаҳидӣ аз мунтақидони Галустян

Пас аз сафари Михаил Галустян ба Тоҷикистон ва вокунишҳои тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ, Табрез Шаҳидӣ, писари оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ аз ӯ ҳимоят карда, мунтақидонро "неандертал" хонд.