28.9 C
Dushanbe

Эълони “Кумитаи истиқлоли Ингушистон” дар Истанбул

Ҷунбиши “Кумитаи истиқлоли Ингушистон” бо баргузории нахустин анҷумани таъсиси худ дар шаҳри Истанбули Туркия эълом мавҷудият кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, 7-уми январи соли 2023 ҷунбиши “Кумитаи истиқлоли Ингушистон” дар шаҳри Истанбули Туркия нахустин анҷумани худро баргузор кард.

Дар кори ин анҷуман ҷамъе аз фаъолони Ингушистон, ки аксари онҳо берун аз Федаратсияи Русия ба сар мебаранд, ширкат карда, дар бораи мақсаду ҳадафҳо ва ормонҳои ин ҳаракат баҳсу гуфтугӯ карданд ва аз тамоми ингушҳо даъват ба амал меоварад, ки барои озодӣ ва истиқлоли Ингушистон ва заминҳои ғасбшудаи он ба ин ҳаракат ҳамроҳ шаванд.

Дар матни эъломияе, ки аз ҷониби муассисони ин ҳаракат қироат шуд, Русияи подшоҳӣ, Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ва Федератсияи Русияро “ба наслкӯшӣ ва аз он ҷумла наскушии ингушҳо дар соли 1944 ” ва “забти сарзамини ингушҳо” муттаҳам мекунад. Ва таъкид мекунад, ки масъулияти ин ҷиноятҳои ҷангӣ ва наслкӯшиҳо ба дӯши Русия аст, ингушҳо дар он ҷиноятҳо қӯш нестанд.  

Нашрияи интернетии ингушии «Фортанга» низ дар истинод ба раиси “Кумитаи истиқлоли Ингушистон” дар бораи сохтори ояндаи ин кишвар гуфтааст: «Аксари мардуми Ингушистон мусалмонанд ва табиист, ки бузургони гиромӣ ва уламои исломии мо дар бораи сарнавишти мардум тасмим хоҳанд гирифт. Пас аз поёни ишғол мо Инугшистонро як кишвари озод, мустақил ва шукуфон мебинем ва дарвозаи мо барои муколама, сулҳ ва ҳусни ҳамҷиворӣ боз аст.”

Ин ҳаракат дар ҳоли ҳозир вориди муборизаҳои мусаллаҳона барои истиқлоли Ингушистон нест, вале чун дар пойдории Федератсияи Русия шубҳа дорад, омодагиҳои сиёсӣ ва ҷамъиятии худро аз ҳозир барои оянда гирифтааст ва мегӯяд, дар ҳолати барҳам хӯрадани низоми федеролӣ, тағйири марзҳои маъмурӣ ва ё тақсими он ба чанд кишвари алоҳида Ингушистон ҳаққи истиқлоли сарзамин ва доштани марзҳои худро маҳфуз медонад.

Бо ин вуҷуд, аз як сӯ, лашкаркашиҳои чанд соли ахири Федератсияи Русияро низ дар Чеченистон, Гурҷистон, Сурия ва Украина маҳкум карда, ғасби Қримро ҳам аз ҷониби Русия як амали ғайриқонунӣ дониста, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад, ки Русияро ҳамчун як кишвари ҳомии терроризм ба расмият бишиносанд.

Аммо аз сӯи дигар, эълони таъсиси ин ҳаракат дар шароите, ки Русия гирифтори буҳронҳои зиёди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зери бори таҳримҳои байналмилалӣ қарор дорад, вокунишҳои зиёдеро низ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамроҳ доштааст.

Қисме таъсиси ин ҳаракатро як навъ “қиёми мардумӣ” арзёбӣ карда, дар бораи муваффақ шудан ва ба ҳадаф расидани он хушбин ҳастанд ва мегӯянд, ба фарқ аз гузашта, ки борҳо ҳаракатҳои озодихоҳӣ ва истиқлолталабии мардумони Қавқоз ба шикаст мувоҷеҳ шуда буд, таъсиси ин ҳаракат дар шароита феълӣ умедҳоро барои пирӯз шудан зиёдтар кардааст.

Бархеи дигар аз ин вокунишгарон мегӯянд, ки таъсиси ин ҳаракат дар ҳоли ҳозир на ба маънои озодихоҳӣ ва истиқлолталабист, балки ин як навъ бозӣ кардан ба ҷони худ ва маргталабӣ мебошад.

Гурӯҳи саввум низ, ин тарҳро як тарҳи номуваффақ арзёбӣ карда, мегӯянд, ки дар замони ҷанги иттилоотӣ алайҳи Русия ва шиддат гирифтани таблиғоти манфӣ алайҳи он кишвар ба ҳадаф расидан ба ин ормонҳо гумоне беш нест.

Гуфта мешавад, хабар дар бораи эҳтимоли пошхӯрадани Федератсияи Русия, тақсими он ба чанд ҷумҳурии алоҳида ва ё тағйир ёфани низоми идорӣ ва марзҳои маъмурии ин кишвар на танҳо барои ингушҳо боиси нигаронӣ шудааст, балки дигар миллатҳои Русия, аз он ҷумла тоторҳо ва хеле аз тоҷикҳои муқими Русия ва муҳоҷирро низ дар ин чанд соли ахир яке аз ақаллиятҳои миллӣ дар паҳнои Русия шакл гирифтаанд, сахт нигарон кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.