22.9 C
Dushanbe

Эмомалӣ Раҳмон корхонаи мусодирашудаи Зайд Саидовро аз нав ифтитоҳ кард

Эмомалӣ Раҳмон тавонист 10 сол пас аз боздошт ва зиндонӣ кардани Зайд Саидов, раҳбари зиндонии ҳизби сабтиномнашудаи Тоҷикистони нав як бахши кӯчаке аз як корхонаи ӯро дубора фаъол кунад.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 25-уми апрели соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кориаш ба вилояти Хатлон ба шаҳри Левакант рафта, корхонаи мусодира шудаи Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва инак зиндонии сиёсиро ифтитоҳ кард.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” ташриф оварда, калонтарин корхонаи кимиёвӣ дар кишварро пас аз таҷдиду тармим мавриди истифода қарор дода аст.

Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи ин корхона гуфт: Корҳои таҷдиду навсозӣ дар ин иншоотро мутахассисону муҳандисони ҶДММ “Осиё Кемикал” дар муҳлати муайянгардида ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расонда, арзиши лоиҳавии он беш аз 400 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Мақомоти Тоҷикистон бо гузашти беш аз 4 сол то ҳол дар бораи моликони ҷадиди Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” ба сурати расмӣ хабар надодаанд, танҳо мегӯянд, ки ба қавли “Радиои Озодӣ” ин кархона бо имзои худи Эмомалӣ Раҳмон ба ҶДММ “Осиё Кемикал” фурӯхта шудааст.

Дар ҳамин ҳол як манбаъ аз вилоти Хатлон, ки нахост номаш зикр шавад, ба Azda tv гуфт, дар Тоҷикистон аксар номҳое, ки ба брендҳо табдил шудаанд, соҳибони муайян доранд, барои мисол “Ориёнбонк, “Ориёно-медиа“, “Ориен Иншуранс“, ва ғайра мансуб ба Ҳасан Асадуллозода мебошанд. “Спитаменбанк“, “Спитанмен Иншуранс” ва ғайра ширкатҳои мансуб ба Ҷамолиддин Нуриализода, шаҳвари Озода Раҳмон ҳастанд.

Аммо, ба қавли манбаъ, бренди “Осиё” бошад, моли раҳбари муҳофизони Эмомалӣ Раҳмон генерал-майор Муродалӣ Саидзода (маъруф ба Муроди кал ва ё Мурод Саидов) аст. Барои мисол, “Маркази савдои Осиё”, ки паҳлуи бозори Султони Кабир дар пойтахт аст, ҶДММ “Осиё М” дар Хатлон, ва ҶДММ “Осиё Кемикал” ва ғайра, ки дар аввал ё охири номҳои тиҷоратии худ исми Осиё доранд, ҳар чанд тибқи санадҳои расмӣ моликони мухталифе дошта бошанд ҳам, вале амалан қариб ҳамаи ин брендҳои тиҷоратӣ зери чатре мансуб ба Муродалӣ Саидов фаъолият мекунанд.

Гуфта мешавад, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” собиқ корхонаи нуриҳои азотии Вахш (ВАТЗ) мебошад, ки он соли 1967 таъсис ёфтааст. Саҳмияҳои ин корхона тавассути Зайд Саидов ва шарики тиҷоратияш тоҷири украинитабор Дмитрий Фирташ харидорӣ шуда буд, вале дар соли 2013 вақте раҳбари “Тоҷикистони нав” боздошт ва сипас ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ шуд, қариб ҳама дороиҳои ӯ ва хонаводааш, аз ҷумла корхонаи Азот ҳам аз ҷониби ҳукуматдорон мусодира гардид.

75% саҳмияҳои ин корхона дар соли 2001 ба олегархи украинӣ Дмитрий Фирташ ва ширкаташ Group DF фурӯхта шуд. Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов 5% саҳмияҳои онро ба номи худ дошт. Ин корхона бо гази табии воридотӣ аз Узбекистон фаъолият мекард. Узбекистон солҳои 2008-2009 ба тадриҷ содироти гази табиӣ ба Тоҷикистонро маҳдуд кард, ин корхона низ аз фаъолият боз монд ва дар соли 2014 бо қарори додгоҳ ба нафъи давлат мусодира гардид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Раҳмон ба Итолиё меравад?

Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Итолиё дар якҷоягӣ бо Оҷонсии савдои ин кишвар (ICE) дар бораи Тоҷикистон нишаст баргузор мекунанд.

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.