26.9 C
Dushanbe

Эмомалӣ Раҳмон аз сафири Украина нусхаи эътимоднома гирифт

Тоҷикистон дар сафи кишварҳое қарор гирифта, ки дар ҳолати бурузи заъфҳои Русия мехоҳанд пила-пила вобастгиҳои худ аз Кремлинро камтар кунанд.

Имрӯз, 21-уми ноябри соли 2022 Президенти Тоҷикистон худаш дар қасри Миллат аз сафири навтаъйин, фавқулъода ва мухтори Украина дар Тоҷикистон нусхаи эътимоднома гирифт.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйин, фавқулъода ва мухтори Украина дар Тоҷикистон Сириҷоддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кившар ва муовини ӯро ҳам ба қасри Миллат даъват карда, дар ҳузури сафирони кишварҳои ғарбӣ ҳамсӯйии худ бо Украинаро ба намоиш гузошт.

Вақте Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури сафирони Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳои ғарбӣ нахуст нусхаи эътимодномаи сафири Украинаро қабул кард, ин маъноро дорад, ки вай гуфтан мехоҳад, ҳар чанд ба хотири нараҷондани Русия то ҳол дар қазияи Украина хомӯш аст, вале бо ин вуҷуд, Киев барои Душанбе хеле аҳамият дорад ва ҷойгоҳи Украина дар Тоҷикистон бузугтар аз хеле давлатҳои дигар аст.

Ин эъломи ҳамсӯйӣ, қаробат ва ё дилсӯзӣ бо Украина дар замоне аз ҷониби Президенти Тоҷикистон дар малаи ом ва пеши дурбинҳои расонаҳо баргузор мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти беш аз 8 моҳ аз оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина то кунун ошкоро ва ба сурати расмӣ дар бораи ин ҳамлаҳои хунин ва даҳшатбор мавзеъгирӣ накардааст.

Аз сӯи дигар, ин кори Эмомалӣ Раҳмон ин паёмро ҳам метавонад дар худ дошта бошад, ки вай ба Кремлин гуфтан мехоҳад, вақте Маскав наметавонад ба хостаҳои Душанбе посухи мусбат диҳад, дасти тоҷикистониҳо ҳам баста нест, ба хотири ба даст овардани манофеи дӯстони аврупоияш метавонад аз корди Украина ҳам хеле хуб истифода кунад.

Гуфта мешавад, ҳар чанд дар зоҳир муносибатҳои Тоҷикистону Русия хеле хуб арзёбӣ мешавад, аммо пазироии Эмомалӣ Раҳмон аз сафири Украина ҳамон суҳбатҳои ду моҳ пеши ӯро дар Самарқанд бо Владимир Путин ба ёд меорад, ки бо гилояҳои зиёде гуфта буд, ки Маскав дар рӯйкарди муносибатҳои худ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон таҷдид назар кунад ва ӯро бояд эҳтиром намояд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.