26.9 C
Dushanbe

Эрдуғон сафирони даҳ кишварро аз Туркия ихроҷ мекунад

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи шанбеи 23-уми октябр ба Вазорати хориҷаи ин кишвар дастур дода, ки сафирони 10 кишварро “Унсурҳои номатлуб” эълом кунад.

Аз ҷумлаи даҳ кишваре, ки тибқи фармони Эрдуғон сафиронашон бояд “Унсурҳои номатлуб” хонда шаванд, Амрико, Фаронса, Олмон, Ҳоланд, Финланд, Канада, Суид, Донморк, Зеландияи Нав ва Норвегия мебошанд.

Дар пай эъломи ин фармон, ин даҳ кишвар ба таври гуногун вокуниш нишон доданд. Кишварҳои Амрико ва Омлон гуфтаанд, ки айни ҳол дар ҳоли музокира бо дипломотҳои туркӣ ҳастанд ва барои ихроҷи сафиронашон ҷавоби шаффофи Туркияро мунтазиранд.

Аммо Норвегия, Суид ва Ҳоланд эълом кардаанд, ки то ҳол ҳеч дархости расмие дар ин хусус аз ҷониби Туркия дарёфт накардаанд.

Ёдовар мешавем, ки фармони Эрдуғон дар пайи эълони пуштибонӣ ва талаби озод кардани ин даҳ кишвар аз як мухолифи ҳукумати Туркия ба номи Усмон Коволу мебошад. Коволу соли 2016 пас аз инқилоби нофарҷоми мухолифони Туркия дастгир шуд ва то ҳол парвандаи ӯ идома дорад.

Кишварҳои мазкур аз ӯ ҳамчун ҳомии ҳуқуқи ақаллиятҳои қавмӣ ёд мекунанд, аммо Туркия ӯро бо иттиҳоми даст доштан дар ташкили кудатои Туркия дастгир кардааст. Инчунин дар парвандаи Коволу иттиҳоми “ҷосусӣ” низ илова шудааст. Қонундонони туркӣ мегӯянд, агар ин иттиҳом исбот шавад, ҷаноби Коволуро ҳабси абад интизор аст.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки танишҳои Туркия бо кишварҳои аврупоӣ метавонад буҳрони амиқеро дар муносибатҳои Туркия ва Иттиҳоди Аврупо эҷод кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.