Эрон ҳамлаи паҳподӣ ба Озарбойҷонро такзиб кард

Субҳи рӯзи панҷшанбе Озарбойҷон аз ҳамлаи паҳподии Эрон ба Нахҷавон — минтақаи анклав дар ин кишвар, ки бо Эрон ҳаммарз аст, хабар дод.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон рӯзи 5-уми марти соли ҷорӣ ду паҳпод ба хоки ин кишвар ворид гашта, як паҳпод ба бинои терминали фурудгоҳи Нахҷавон бархӯрда ва паҳподи дигар дар назди як мактаб дар деҳаи Шакаробод суқут кардааст. Дар натиҷа ду нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Худи ҳамин рӯз сафири Эрон дар Боку Муҷтабо Дамирчилуро дар робита ба ин ҳодиса ба Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон даъват шудааст. Гуфта мешавад, Озарбойҷон норозигии худро аз ин ҳамла баён карда, онро нақзи қонунҳои байналмилалӣ арзёбӣ кардааст.

Дар изҳороти ВКХ гуфта шудааст: “Мо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон талаб мекунем, ки дар кӯтоҳтарин фурсат дар бораи ин ҳодиса шарҳи равшан пешниҳод намояд, таҳқиқоти лозимаро анҷом диҳад ва чораҳои фаврӣ барои пешгирӣ аз такрори чунин ҳамлаҳо дар оянда андешад”.

Ҳамчунин Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон таъкид мекунад, ки “ҳақ дорад чораҳои ҷавобии мувофиқро андешад”.

Ба иттилои нашрияи озарбойҷонии “Minval”, ҳамла бо истифода аз паҳподҳои “Shahed-136” анҷом дода шудааст. Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гашт, дида мешавад, ки аз болои фурудгоҳи Нахҷавон дуди сиёҳе ба осомн мепечад.

Дар ҳамин ҳол Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон партоби мушак ба Озарбойҷонро такзиб кард. Дар иттилоияи ин ниҳод омадааст: “Ҷумҳурии исломии Эрон зимни эҳтиром ба ҳокимияти ҳамаи кишварҳо, бахусус кишварҳои муалмон ва ҳамсоя, партоби паҳпод аз сӯи нерӯҳои мусаллаҳ ба сӯи Озарбойҷонро такзиб мекунад”.

Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ин ҳамларо кори дасти Исроил медонад ва мегӯяд, ки режими Исроил “барои барҳам задани равобити кишварҳои мусалмон” ва инчунин “барои муттаҳамсозии Эрон” ба чунин иқдомоте даст мезанад.

Ёдовар мешавем, ки аз субҳи 28-уми феврали соли ҷорӣ Амрико ва Исроил ба Эрон ҳамлаи низомии худро оғоз карданд. Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп изҳор дошт, ки қасди нобуд кардани барномаи ҳастаӣ ва қудрати мушакии Эронро дорад. Ӯ аз артиши Эрон хост силоҳро ба замин гузорад ва аз сокинони кишвар даъват кард, ки “сарнавишти худро ба дасти худ бигиранд”.

Дар ҳамлаҳои муштараки Амрико ва Исроил раҳбари олии Эрон оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ ҳамроҳ бо чанде аз аъзои хонаводааш кушта шуд. Ҳамзамон расонаҳо аз кушта шудани даҳҳо фармондеҳони низомии эронӣ низ хабар доданд.

Эрон дар посух ба Исроил ва ба чанд кишвари Халиҷи Форс, ки дар онҳо пойгоҳҳои низомии Амрико мавҷуданд, зарба зад, ки дар онҳо низ талафот ба қайд гирифта шудааст. Теҳрон мегӯяд, ки бо зарба задан ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар кишварҳои Халиҷ қасди ҳуҷум ва дастдарозӣ ба хоки ин кишварҳои ҳамсояро надорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.

Сокини 24-солаи “Дарвоз” ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Давлатов, ҷавони 24-сола ва сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳоми "тундгароӣ" ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳиндустон аз Русия хост, ҷанг бар зидди Украинаро поён бахшад

Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон, аз президенти Русия Владимир Путин хост, ки ба ҷанги зидди Украина хотима бахшад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.