11.9 C
Dushanbe

Эрон ҳувияти ҳамлагар ба “Шоҳчароғ”-ро нашр кард

Хабаргузории “Тасним”-и Ҷумҳурии исломии Эрон акси шиносномаи як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро бо номи Комрони Субҳон нашр карда, мегӯяд, ки омилони аслии ҳамла ба “Шоҳчароғ” аст.

Тасним” бо нашри ин мадраки ҳувиятӣ мегӯяд, Комрони Субҳон соли таваллудаш 1999 бо номи мустаори “Абуоиша” ҳамлагари аслӣ ба зиёратгоҳи “Шоҳчароғ” буда, ӯ ин амалро бо ҳамоҳангии як шаҳрванди Озарбойҷон, ки ҳувияти ӯ ҳоло маълум нашудааст, анҷом додааст.

Ба гуфтаи мақомоти Эрон, Комрони Субҳон бо ҳавопаймо тарқи хатсайри Боку-Теҳрон парвоз карда, вориди ин кишвар шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора расман чизе нагуфтаанд ва қазияро шарҳ надодаанд.

Дар акси нашршуда дида мешавад, ки шиноснома аз Шуъбаи корҳои дохила дар шаҳри Ҳисор дода шудааст. Ба гузориши Радиои Озодӣ, маъулони ШКД-и ин шаҳр рӯзи 10-уми ноябр аз ин қазия изҳори беиттилоӣ карданд.

Нашри ин акс дар шабакаҳои иҷтимоии Эрон вокунишҳои гуногунеро дар байни корбарон ба бор овардааст. Бархе мепурсанд, ки чӣ гуна як террористи ҳирфавӣ шиносномааш дар ҷайбаш меояд амали террористӣ анҷом медиҳад? Бархе дигар мепурсанд, ки Эрон чӣ гуна ба ӯ раводид дода то дохили ин кишвар шавад? Дар ҳоле, ки ин фард агар аз пеш узви ДИИШ буда, пас чаро бетаҳқиқ ба ӯ раводид додаанд?

Баъзе дигар навиштаанд, ки чун дар Эрон тақрибан ду моҳ мешавад эътирозҳои густардае идома дорад ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он назора дорад, худи маъмурони амнияти ин кишвар ин корро роҳандозӣ каданд, то тавонанд диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба дигар сӯ бикашанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26-уми октябри соли ҷорӣ ба зиёратгоҳи “Шоҳчароғ” дар Шероз ҳамалаи террористӣ анҷом шуд, ки дар натиҷа 15 нафар кушта ва 20 нафари дигар захмӣ шуда буд. Пас аз ҳодиса билофосила ДИИШ масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Покистону Тоҷикистон ҳамкориҳои ҳуқуқиро тақвият мекунанд

Покистону Тоҷикистон тасмим доранд ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ густариш диҳанд.

Қатли бераҳмонаи ду хоҳар ва як кӯдак дар Кӯлоб

Шаби 2-уми апрели соли ҷорӣ ду зан ва як кӯдаки шашсола дар шаҳри Кӯлоб кушта шуданд.

Марги як наваскар дар роҳ ба сӯи Душанбе

Рӯзи 2-юми апрел дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари канда шудани сангпора аз кӯҳ ва бархӯрди он ба автобусе, ки наваскаронро интиқол медод, як ҷавон ҷон бохтааст.

ВКД Қирғизистон: зарари расондаи Тошиев ба иқтисоди Қирғизистон беш аз 4,1 млрд аст

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҳаҷми зараре, ки вакили собиқи парлумон Шаирбек Ташиев ба иқтисоди ин кишвар расондааст, эълон кард.