27.9 C
Dushanbe

Эшони Сироҷиддин дар ҳабси пешакӣ қарор дорад

Сурат: Ютуб

Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба Эшони Сироҷиддин дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъи муътамад хабар дод.

Рӯзи 17 ноябр як манбаъ аз низоми додгоҳи ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарори ба ҳабси пешакӣ гирифтани Эшони Сироҷиддинро содир кард. Ин манбаъ бо шарти бурда нашудани номаш гуфта, ки ин қазия махфӣ аст ва ба ин хотир ҳеҷ шарҳе дода намешавад.

Радиои Озодӣ менависад, ки талошҳояш барои ёфтани наздикони Эшони Сироҷиддин бенатиҷа будааст, чун гуфта мешуд макони зисти ӯ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе аст, вале ҳамсояҳояш гуфтаанд, ки “рӯҳонӣ бо оилааш аз инҷо кӯчидааст”.

Хабари боздошти Эшони Сироҷиддин бо шумули чанд шогирдаш рӯзи 12 ноябр дар расонаҳо нашр шуд.

Гуфта мешавад дар байни боздоштшудаҳо як блогери тоҷик ҳам аст. Номи блогер то ҳол маълум нест. Ба навиштаи Радиои Озодӣ, вақтҳои охир Эшони Сироҷиддин дар канали ютубии “Садои Умед” дар масоили динӣ суҳбатҳо анҷом медод. Навори охирин дар ин шабака чанд рӯзи пеш нашр шудааст ва масъулони ин шабака ба зангҳои телефонии Радиои Озодӣ ҷавоб надодаанд.

Мақомот Эшони Сироҷиддинро соли 2009 боздошт намуда, бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни “Салафият” барои 7 сол равонаи зиндон карда буд, аммо баъд аз сипарӣ кардани 4 сол озод шуд. Баъд аз озод шуданаш аз зиндон равиши гуфтораш пурра ивваз шуд ва вақтҳои ахир бештар ба тавсифи раисҷумҳур ва танқиди ҲНИТ ва мухолифон мепардохт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сохти беш аз 100 дидбонгоҳи марзии ҷадид

Толибон дар марз байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он зиёда аз 100 дидбонгоҳи марзии нав сохтанд.

Мулоқоти Эмомалӣ бо Дабири кулли СММ

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот кард.

Озодии 10 зиндонӣ бо пардохти 6 миллиард доллар

10 нафар аз зиндониёни эронӣ ва амрикоӣ бо "пардохт"-и 6 миллиард доллар озод шуданд.

Зеленский ҷаҳонро аз оғози ҷанги ҷаҳонии сеюм ҳушдор дод

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина 17-уми сентябр дар мусоҳибае бо...