Эътирозгарон бинои дафтари Мир 24-ро ишғол карданд

Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон эътирозгарон бинои дафтари шабакаи телевизионии Мир24-ро ишғол карданд. Дар ин бора шабакаи телеграмии Orda.kz хабар медиҳад.

Эътирозгароне, ки вориди бино шудаанд талаб доранд, ки тариқи телевизион мустақиман пахш шаванд.

Ҳамчунин “Настоящее время” дар саҳфаи инстаграми худ навореро нашр кард, ки дида мешавад, чандин телевизионҳои давлатӣ аз фаъолият боз мондаанд.

Қаблан иттилоъ расида буд, ки дар саросари Қазоқистон дар пасманзари эътирозҳои оммавӣ интернет қатъ карда шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти сокинони Душанбе аз ронандагони “Ҷӯра таксӣ”

Сокинони пойтахт аз беэҳтиромии ронандагони "Ҷӯра таксӣ" ба мусофирон, дашномдиҳӣ ва дигар мушкилот шикоят мекунанд.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико пас аз раҳоӣ аз ҳабс

Маъмурони муҳоҷирати Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро, пас аз раҳо шудан аз боздошт дар Филаделфия дастгир карданд.

Сеул бори аввал раҳбарони Осиёи Марказиро гирди як миз ҷамъ меорад

Дар Сеул барои бори аввал нишасти якҷояи Кореяи Ҷнубӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Сарбози хориҷӣ дар ҷанг: ҷангҷӯе, ки баргаштанаш ба нафъи давлат нест

Тибқи тахминҳое, ки хадамоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Украина ва бунёдҳои машғул ба таҳқиқи ин масъала мезананд, дар артиши Русия ҳудуди 40-50 ҳазор хориҷӣ меҷанганд.