Фаъоли Бадахшон Абру Алимардоншоев: Авф набояд интихобӣ бошад

Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон Абру Алимардоншоев аз равиши татбиқи қонуни авф, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон қабул шудааст, нигаронӣ кард.

Ӯ дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, ки озод шудани беш аз 11 ҳазор маҳкумшуда ва кам шудани муҳлати ҷазои ҳазорон нафари дигар боиси хушҳолии ҳазорон оила шудааст. Тибқи маълумоти нашршуда, қонуни авф барои озод ё сабуктар шудани ҷазои беш аз 18 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи Алимардоншоев, татбиқи қонун нисбат ба маҳкумшудагони парвандаҳои марбут ба рӯйдодҳои ВМКБ саволҳоро ба миён овардааст. Ӯ бо истинод ба маълумоте, ки дар ихтиёр дорад, мегӯяд, аз миёни тақрибан 300 маҳкумшудаи ин парвандаҳо танҳо ду нафар озод шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, яке аз онҳо Муҳаммадсултон Мавлоназаров мебошад, аммо шахсияти нафари дуюм то ҳол маълум нест.

Ҳамчунин ба навиштаи ӯ, муҳлати ҷазои се маҳкумшудаи дигар — Улфатхоним Мамадшоева, Рамзӣ Вазирбеков ва Хушом Ҷумаев кам карда шудааст.

Алимардоншоев ҳамчунин таъкид мекунад, ки баъзе ниҳодҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид қаблан нисбат ба баъзе парвандаҳои марбут ба фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори назар карда буданд. Аз ҷумла, нисбат ба парвандаҳои бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ тавсияҳо дар бораи бознигарӣ ва масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқи онҳо пешниҳод шуда буданд.

Ба андешаи ӯ, агар ҳадафи қонуни авф воқеан бар пояи принсипҳои инсондӯстӣ амалӣ шавад, татбиқи он бояд нисбат ба ҳамаи шаҳрвандон баробар сурат гирад.

Инчунин Алимардоншоев гуфтааст, ки садҳо оилаи маҳкумшудагони парвандаҳои марбут ба ВМКБ то ҳол мунтазири бозгашти наздикони худ ҳастанд ва изҳори умед кардааст, ки ҳамаи боздоштшудагоне, ки беасос маҳкум шудаанд, рӯзе ба назди хонаводаҳои худ бармегарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.