33.9 C
Dushanbe

Раҷаби Мирзо аз қатъи ҷамъоварии кумак ба осебдидагони Исфара хабар дод

Субҳи имрӯз 7 май рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Раҷаби Мирзо аз қатъи ҷамъоварии маблағҳои хайравӣ барои кумак ба осебдидагони даргирии марзии шаҳри Исфара хабар дод.

Ӯ бо чанд ҷумлаи кӯтоҳ аз марудм хост, ки дигар ба он суратҳисобҳои гузошта шуда маблағ нагузаронанд. Аммо дар бораи чаро таваққуф кардани он чизе нагуфтааст. Танҳо навишта, ки тафсилот баъдтар шарҳ дода мешавад.

Хабари қатъи ҷамъоварии кумак аз ҷониби ин рӯзноманигор дар ҳолест, ки як гурӯҳ аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои расондани кумакҳои мардум ба оилаи қурбониён ва онҳое, ки хонаҳояшон дар натиҷаи даргирии рӯзҳои 29 ва 30 апрел хароб шуд, кортҳои бонкӣ гузошта буданд. Аз ҷумла худи Раҷаби Мирзо.

Аммо дирӯз 6 май Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон суратҳисобҳои худро гузошту аз мардум хост барои кумак ба мардуми Воруху Чоркӯҳ ва Хоҷаи Аъло ба онҳо маблағ гузаронанд ва ба онҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ корт гузоштаанд, эътимод накунанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар пай қатъи ташаббуси ҷамъоварии кумакҳоро ба фишор ва таҳдиди мақомот марбут медонанд. Ба гуфтаи онҳо ҳамеша мақомоти Тоҷикистон пеши роҳи хайрхоҳонро гирифтаанд. Ҳатто ҳолатҳое низ вуҷуд дорад, ки бо баҳонаҳои тақаллубкорӣ ва фиреби мардум чунин шахсонро парванда боз карда ва ё ҷаримаҳои ҳангуфт бастаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.