Раиси вилояти Новосибирский бо судури фармони махсус кор кардани муҳоҷирони бешаҳрвандиро хеле маҳдуд кардааст.
Андрей Травников, раиси вилояти Новосибирский бо имзои ин фармон кор кардани муҳоҷирони хориҷиеро, ки шаҳрвандӣ надоранд ва бо иҷозатномаи корӣ (патент) кор мекунанд, дар чанд самт мамнуъ кардааст.
Дар ин фармон, ки аз аввали моҳи октябр содир шудааст, гуфта мешавад, кор кардани муҳоҷирони корӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва савдои нӯшокаҳо дар мағозаҳо, нақлиёти боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, ошхона ва мағозаҳои фурӯши ғизо дар дохили идора ва мактабу донишгоҳҳо, хӯроккашонӣ, соҳаи маориф ва тандурустӣ қатъиян мамнуъ аст.

Гуфта мешавад, ин қарор махсуси вилояти Новосибирский аст ва аз аввали соли 2026 фармон ба ҳукми иҷро медарояд. Дар фамони мазкур соҳаи сохтмон ва биносозӣ, ки одатан муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чунин ҷойҳо кор мекунанд, зикр нашудааст. Зоҳиран дар ин соҳа барои муҳоҷирони бешаҳрвнадӣ маҳдудият нашудааст. Аммо ба гуфтаи муҳоҷирон, дар ин соҳа низ кор кардан осон нест. Чун иҷозати корӣ (патент)-ро хеле гарон кардаанд.
Рӯзи чоршанбе як муҳоҷири тоҷик аз шаҳри Новосибирский, бо шарти ифшо нашудани номаш дар тамос бо Azda tv гуфт, ки аз ин фаромн огоҳ аст, вале то ҳанӯз он иҷро нашудааст. Ӯ гуфт, ки шаҳрвандии Русияро дорад ва аксари муҳоҷирон низ барои мушкил эҷод нашудан ба гирифтани шаҳрвнадӣ талош мекунанд. Аммо вай таъкид кард, ки дар умум маҳдудиятҳо барои муҳоҷирон нисбат ба солҳои қаблӣ ба шиддат дар ҳоли афзоиш аст.
Аз ин пеш низ шаҳрдории Маскав ва баъзе раҳбарони вилоятҳои Русия чунин фармонҳоеро содир карда буданд, ки муҳоҷирон наметавонанд дар соҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаъолият кунанд. Мақомоти Русия ин тасмимҳои худро “беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва амниятии шаҳрвандон” ва “дар авлавият гузоштани шаҳрвандони Русия барои таъмини ҷои кор” унвон мекунанд.
Аммо ба назари таҳлилгарон, тасмимҳои маҳдудсозии шароити кору зиндагӣ барои муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, пас аз сар задани ҷанги Русия бо Украина оғоз ёфт. Зеро ин ҷанг ба шароити иқтисодии Русия бетаъсир набуд. Аммо – ба гуфтаи онҳо, бо ҳамла ба бинои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Маскав, ки аксари гумонбаронаш муҳоҷирон тоҷикистонӣ буданд, ин раванд шиддат гирифт.
