35.9 C
Dushanbe

ФАРМОНДЕҲИ ҚАТЛИ НАВАСКАРОН КИСТ?

Омилҳои зиёде сабаб мешаванд, ки давлатҳо қудратманд шуда, барои ҳифзи шаҳрвандон ва сарҳаду кишаварашон пойдор бимонанд. Яке аз чунин омилҳо, доштани артиши замонавӣ бо афсару аскарони шуҷоъ ва эътимоди шаҳрвандон нисбати онҳо ба ҳисоб меравад. Ҳукумат ба аскарон шароити лозимаро омода намуда, кафолати ҷон ва моли онҳоро таъмин менамояд ва дар навбати  худ низомиён амнияти кишвар ва шаҳрвандонро таъмин мекунанд.

Аз рӯи нишондоди “Global Firepower (GFP) 2022”, ки қудрати низомии давлатҳоро муайян менамояд, Узбекистон дар мақоми 54, Қазоқистон дар мақоми 64, Қирғизистон дар мақоми 90, Туркманистон дар мақоми 83 ва Тоҷикистон дар мақоми 111-ум қарор гирифтааст. Ҳангоми тартиб додани ин рӯйхат на танҳо мошинҳо, танкҳо, киштиҳо ва ҳавопаймоҳо ҷангӣ, балки маблағгузории соҳаи ҳарбӣ ва инчунин шумораи ҳайати шахсӣ ва омодагии ҷангии аскарон низ ба назар гирифта мешавад.

Мутаасифона, кишвари мо дар сатҳи низомӣ ҳам мисли дигар соҳаҳо, дар байни давлатҳои Осиёи Миёна мақоми охиронро соҳиб шудааст. Барои пайдо намудани сабабҳои ақибмондагии артиши Тоҷикистон фаҳми амиқи низомӣ ва сиёсӣ лозим намегардад, балки кофист то назаре ба сохторҳои фасодзадаи ҳукумати оилавии Раҳмонуф андозем. Ришвахорӣ то дараҷае дар хуну пӯсти ин ҳукумат ҷой гирифтааст, ки баҳри касби моли ҳаром аз хок ва сарбози Ватан ба осонӣ сарфи назар менамоянд.

Раҳмонуф дар тӯли ҳокимияташ одитарин шароити хизматӣ ва кафолати саломатии муҳофизони Ватанро омода накардааст, чӣ расад ба таъмини силоҳу лавозимоти замонавии ҷангӣ. Сабаби беиътимодии сокинон ва саркашии навҷавонон аз хидмати аскарӣ ҳам ба “дедовшина”-и боқимонда аз замони шуравӣ вобастагии зиёде дорад. Ҳамасола аз ҳар гӯшаи гуногуни кишвар хабарҳои лату кӯб ва маргу мири наваскаронро бисёр шунидаем.

Шаҳбол Мирзоев яке аз чунин ҷавонони таҳсилкардае буд, ки бо хоҳиши худ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ рафта, баъди ҳафт моҳи хидмат, дар натиҷаи зарбу лати шадид, дар бистари маъюби афтида, баъд аз ҳафт соли азиятҳо аз дунё гузашт. Қурбонмадов Бахтиёр баъд аз панҷ рӯзи хидмат кушта шуд, Мирали Боқиеви бистсола барои либоси зимистона аз тарфаи ҳамхидматаш лату кӯб гардида, ба ҳалокат расид. Мутаасифона, чунин мисолҳо хеле зиёданд

Эътилофи зиди шиканҷа дар охири соли 2016 навишта буд, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷа қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст. Коршоносон ҳам вуҷуди “дедовшина” ё  “меҳтарсолорӣ” дар артиш, камбудии ғизо, муҳимоти  ҷангии замонавӣ ва сару либоси мавсимии хидматӣ барои сарбозон ва падидаи номатлуби ”облава”-ро мушкилии аслӣ барои пурқуват шудани нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон арзёбӣ менамоянд.

Дар асл “дедовшина” ва “облава” ба якдигар алоқаманд буда, ҳангоми бартараф кардани “дедовшина” аз артиш “облава” ҳам бо таври “автоматикӣ” аз байн меравад. Бинобар ин, мансабдорони ришвахӯр ҳавасманданд, то фарзандони сокинони одӣ шиканҷа шуда, аз хидмат сарпечӣ намоянд ва “сарбозшикор”-и судманди онҳо дар гардиши доимӣ қарор дошта бошад.

Афсари қисми ҳарбӣ дар зулми сарбоз, полис дар “облава”, комиссариати ҳарбӣ дар тиҷорати билети ҳарбӣ, муфаттиш дар кушодани парвандаи ҷиноятӣ, духтур дар омода намудани маводи бардурӯғ, сарошпаз дар дуздидани хӯрока, идораи корупсия дар маблағситонӣ даст дошта, охири занҷир бошад ба “сарфармондеҳ”-и кул, яъне “Пешво”-и мансабфурӯш ва фарзандонаш мерасад.

Бетарафии ҳукумати Раҳмонуф нисбати наваскарон ба дараҷае расидааст, ки кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид низ аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст бадрафториву шиканҷа ва муносибати дағалона дар сафи нерӯҳои мусаллаҳро решакан кунад.

Моҳи январи соли 2021 дар Тоҷикистон қонуни нави хидмати ҳарбӣ қабул шуд. Тибқи ин қонун, ҷавонон имкон пайдо карданд бо пардохти  маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Бар асоси қонуни нав, солона 10 дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб мешаванд, локин аз бесалоҳиятии мансабдорони дар боло зикршуда то ба ҳол “сарбозшикор” бо навъҳои гуногуни он давом дорад.

Дар яке аз маҳаллаҳои ноҳияи Кушониён сокинон шикоят доранд, ки мақомот  барои баргардонидани фарзандонашон аз хориҷа ва фиристодани онҳо ба артиш, сими барқи чанд хонаро бурида, ба дари масҷидҳо қуфл задаанд. Ҳуқуқдон, Шокирҷон Ҳакимов рӯзи 21-уми октябр гуфт, ки қатъи нерӯи барқ ва бастани дари масҷид бо ҳадафи ҷалби ҷавонон ба хидмат “хилофи қонунгузориҳои кишвар аст ва шахсоне, ки дар ин амал даст доранд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”.

Дар ҳамсоякишвари Узбакистон солҳост, ки ин норасоиҳо бартараф шуда, артиши он аз ҷумлаи қавитаринҳо дар минтақа ба шумор меравад. Узбекистон дар давоми ин солҳо барои аз байн бурдани мероси шуравӣ дар артиш, аз қабили “дедовшина” бомуваффақият кор кард. Ҳукумат ба хидматкунандагони артиш имтиёзҳо дода, барои кор дар сектори давлатӣ ба онҳо имкониятҳо фароҳам намудааст.

Чуноне маълум гардид, сабаби асосии ақибмонии артиш ва “дедовшина”-ву “облава” дар Тоҷикистон режими сохтаи Раҳмонуф ва мансабдорони фасодзадааш мебошанд, на саркашии ҷавонон аз қувваҳои мусаллаҳ. Бинобар ин, ҳар шаҳрванд ва хосатан волидони сарбозшавандагон вазифадоранд, ки аз ҳуқуқи қонуниашон истифода намуда, дар муқобили ҷиноятҳои ҳукумати оилавӣ ҷасурона аз худ ва наздиконашон дифоъ намоянд ва нагузоранд, ки фарзандонашон қурбонии манфиатҳо ва тиҷоратҳои онҳо гарданд.

Салмон Саидзода

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.