13.9 C
Dushanbe

“Фароз” ва эъзоми нерӯҳои изофии Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон

Давлати Қирғизистон барои ҷилавгирӣ аз идомаи дуздии маводди сӯхт ба манотиқи сарҳадии худ бо Тоҷикистон нерӯи изофии ҳарбӣ ва мошинҳои ҷангӣ ҷойгир кардааст.

Сарвазири Қирғизистон бо имзои як қарор аз 3 марти соли ҷорӣ содироти маводди сӯхт аз қаламрави ин кишварро манъ кард.

Истиқрори нерӯи низомии иловагӣ ва манъи содироти соляркаву бензин аз Қирғизистон дар арафаи сафари раисҷумҳури тозаинтихоби ин кишвар ба Тоҷикистон, ки интизор меравад дар нимаи аввали моҳи равон сурат бигирад, ба вуқӯъ мепайвандад.

Мусалламан қарори манъи содироти фаровардаҳои нафтӣ аз Қирғизистон ба ҳеҷ кишвари дигаре не, балки маҳз ба Тоҷикистон нигаронида шудааст. Зеро Узбакистон ва Қазоқистон муҳтоҷ нестанд, ниёз надоранд. Аммо авзоъ дар Қирғизистон ба ҳадде ташвишовар шудааст, ки ҳукуматаш қарори хос иттихоз мекунад ва ночор мешавад нерӯҳои мусаллаҳи иловагӣ ва муҷаҳҳаз бо танку БТР-у БМП ворид кунад?

Ҳаҷму миқдори дуздӣ, ҳамон қочоқе, ки гуфта мешавад, хеле нигаронкунанда аст?

Тибқи иттиллои расмӣ Қирғизистон баъд аз Русия ва Қазоқистон саввумин кишвари дастраскунандаи маводди сӯхт ба Тоҷикистон ба ҳисоб рафта ва барои мисол дар соли гузаштаи 2020 ба миқдори “11 ҳазору 780, 93 тон маҳсулоти нафтӣ, аз қабили бензину сӯзишвории дизелӣ, ба маблағи 5 миллиону 333 ҳазору 248 доллар ворид кардааст”.

Хабаргузориии русии “Спутник” навиштааст, ки “Ин ҳам омори расмӣ аст, аммо дар асл бештарин маводи нафтии Қирғизистон ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ содирот мешавад. Ин маводи нафтиро Қирғизистон аз Русия ба даст меорад. Аммо дар ин тиҷорати ғайриқонунӣ чӣ қадар маблағ гардиш мекунад, омори расмӣ хомӯш аст”.

Омори расмӣ дар бораи воридоти маводи сӯхт аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ на қайд мешавад ва на эълон. Зеро қочоқбари калон ва асосӣ ширкати “Фароз” –и Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳури Тоҷикистон мебошад. Бидуни шакку шубҳа метавон гуфт, ки қирғизҳо ба ҳадде аз дуздиҳои ин домоди Эмомалӣ Раҳмон ба танг омаданд, ки ҳам содироти фаровардаҳои нафтӣ ба Тоҷикистонро манъ карданд, ҳам дар сарҳад қувваҳои иловагӣ ворид карданд.

“Фароз” дар замони роҳбарияти пешини Қирғизистон, бахусус Алмосбек Отамбоев ва қабл аз он хеле ҳам осону роҳат соляркаву бензин ва газро аз ин ҷумҳурӣ қочоқӣ вориди Тоҷикистон мекард. “Фароз” бар замми хариди ғайримуҷози соляркаву газу бензин аз Қирғизистон аз пардохти боҷу молиёти онҳо маоф буд ва пӯшида набояд бошад, ки ин ҳама амалиёти тиҷорати ғайриқонунӣ дар зери назорат ва мусоидати раисҷумҳури Тоҷикистон сурат мегирифт. Аз тамоми ҷараёни тақаллуб ва тахаллуфи  тиҷоратҳои “Фароз” Эмомалӣ Раҳмон огоҳ мебошад.

Аз ин ҷиҳат бо итминон метавон тазаккур дод, ки маҳз ҳамин ширкат ва тиҷоратҳои олуда бо қочоқи ӯ аст ки Тоҷикистон номи дуздро мегирад ва дузд муаррифӣ мешавад.

Албатта, дар қатори “Фароз” бархе дигар аз гурӯҳҳо ва ҳатто ашхоси алоҳида аз  Қирғизистон маводи сӯхт ба Тоҷикистон ворид мекунанд. Вале дузди асосӣ ва зӯр “Фароз” аст, ки дар пушти худ ҳимоят ва дастгирии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро дорад. Ин ба он маъно аст ки Раҳмон ва домоди ӯ ба хотири дарёфти маблағ ва пули муфт бозори дохилии кишвари ҳамсояро ба ғорат бурда ночор мекунанд, ки даст ба чораҳои қатъӣ ва ғайридӯстона (эъзоми неруҳои иловагӣ ба сарҳадот) бизанад.

Вақте ҳукумати як кишвар эълон мекунад, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз қочоқи кишвари ҳамсоя-яъне дуздону дуздӣ маҷбур шудааст, ки аз қувваи ҳарбӣ истифода кунад, инро наметавон ва набояд сода гирифт. Қирғизҳо неруҳои сарҳадбон доранд ва рисолати онҳост, ки марзҳояшонро бонӣ кунанд. Вале масоҳат ва миқёсии дуздии ҷониби Тоҷикистон ба андозае зиёд шудааст, ки артишро ҳам басиҷ кунанд. Ва, бидуни шубҳа, дар сурати боз ҳам идома кардани он –дуздиву қочоқи маҳсулот аз кишварашон онҳо аз силоҳ ва мошинҳои ҷангӣ истифода хоҳанд кард. Ҳамин аст ки қазияро саҳлу сода набояд пиндошт.

Чунки агар қочоқбар ва дуздҳои маҳсулоти Қирғизистон одамони одӣ буданд ва ё одамони одӣ ҳаҷми асосии қочоқро ташкил мекарданд, кайҳо дар ҳамон худи марз дастгир ва хунсо мешуданд. Неруҳои сарҳадии ҳарду кишвар бар алайҳи онҳо дастбакор мешуданд. Аммо аз он сабаб, ки дузду қочоқбар “покровител”-и зӯртаринро дорад, қирғизҳо илоҷе наёфтанд, ба ҷуз аз сахт кардани назорати марз ва қабули қарори хос.

Ҳоло, ки дуздро шинохтем, бояд ба ин масъала ҳам посух бидиҳем, ки сабаби дуздӣ чӣ аст? Чаро медуздад? Чаро қирғизҳо намедузданду мо медуздем?

Шароити Қирғизистон ва Тоҷикистон дар мавриди таъминот бо нафт ва фаровардаҳои нафтӣ яксон ва шабеҳ аст. Онҳо ҳам захоир ва чоҳҳои нафти худӣ надоранд. Вале азбаски маводди сӯхти онҳо арзон ба даст меояд ва ё инки арзон дастрас мешавад, мо тоҷикҳо яъне “Фароз” онро медуздем. Бале, дар ҳақиқат, мо, яъне ҳамин “Фароз” медуздад. Ва, ҳоло, ки баҳо ва қимати фаровардаҳои нафтӣ дар Тоҷикистон ба таври зиёновар боло рафт, махсусан дар айёми киштукор боло рафтани маводи дизелӣ, боз ҳам халқ азоб мекашад.

Инро ҳам бояд таъкид кард, ки на танҳо маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон гарон шуд. Нархи маводи ғизоӣ, аз ҷумла равғани рустанӣ ва шакару маводи қаннодӣ, макарон, гӯши парранда ва моҳӣ низ дар ду ҳафтаи ахир то 15-20% афзоиш пайдо кардааст.

Хабарҳои расида аз Тоҷикистон аз он ҳикоят мекунад, ки тамоми навъи маҳсулоте, ки аз Қирғизистон таври расмӣ ва умдатан ғайрирасмӣ ба Тоҷикистон ворид карда мешуд, баъди ин қарор ва овардани неруҳои иловагӣ дар марз боло рафтааст. Ва, инро ҳам бояд тазаккур дод, ки дар канори “Фароз” ширкати “Tajero”, ки он ба домоди дигари Эмомалӣ Раҳмонов Зарифбек Давлатов тааллуқ дорад воридоти қочоқии шакар ва анвои дигар маҳсулоти қаннодӣ ба шумули шоколаду конфетҳои гуногун ва мурғу моҳии тавлидоти русиро тавассути Қирғизистон анҷом медод.

Тибқи иттиллои расида ҳоло баҳои 50 кг шакари русӣ дар Тоҷикистон аз 390-400 сомонии ду ҳафта пеш ба 450-480 сомонӣ боло рафтааст.

Дар қарори манъи содироти маводи нафтӣ, ки сарвазири Қирғизистон имзо кард, таъкид шудааст, ки ба кишварҳои хориҷ аз қаламрави ЕврАзес-Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё реэкспорти он мамнуъ аст. Феълан танҳо Тоҷикистон аз шумори ҳамсояҳои Қирғизистон аст ки шомили ин Иттиҳод нашудааст. Дар асл иллати арзонии маҳсулоти нафтӣ ва маҳсулоти дигар ва бавижа маҳсулоти тавлидоти русӣ дар Қирғизистон ҳам узвияти ин кишвар ба ИИАО аст.

Наметавонем бо итминон бигӯем, ки дар паси ҳардуи ин тасмими давлати Қирғизистон: -манъи содироти маводди сухт ва афзоиши иқтидори ҷангӣ дар марз бо Тоҷикистон Русия меистад. Вале вуҷуди чунин эҳтимолро ҳам наметавон рад кард, чунки раисҷумҳурии ҷадиди Қирғизистон аввалин сафари хориҷии худро аз Русия оғоз кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ЕврАзес ҳамчун “проекти Путин” шинохта ва дониста мешавад. Ва, Русия на як бору ду бор аз Тоҷикистон хост, ки вориди ин Иттиҳодия бишавад. Дар бораи зарару фоидаи вуруди Тоҷикистон ба ин Иттиҳод инҷо чизе намегӯем. Вале таъкиди танҳо яке ду нукта, масалан инки лашкари беш аз 2 миллионии муҳоҷирони кории тоҷик аз патентпулӣ озод мешаванд, ки ҳудуди 2 миллиард доллари дигарро ба ҷайби онҳо ва ҳамин тавр бюҷети Тоҷикистон илова мекунад ва дигар ҳам инки мо низ чун қирғизҳо ба фаровардаҳои нафтии арзони Русия, ки хуни иқтисодиёт дониста мешавад дастрасӣ пайдо мекунем.

Афзун бар ин қирғизҳо моро қочоқбар ва дузд намеҳисобанд ва зарурате бар эъзоми неруҳои иловагӣ дар марз боқӣ нахоҳад монд. “Фароз” ҳам бояд биандешад, ки ному номуси миллатро вориди манофеи тиҷоратӣ накунад. Зеро то онҷо, ки маълумот мерасад Тоҷикистон низ дар имтидоди сарҳадоти худ бо Қирғизистон дар самти Исфара афсару сарбоз ва техникаи ҳарбӣ оварда истодааст.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.