16.9 C
Dushanbe

Фарзанди Эмомалӣ унвони илмӣ гирифт

Фарзонаи Эмомалӣ, духтари хурдии раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвони номзади илмҳои тиб гардидааст.

Бино ба иттилои расонаҳо ва саҳфаҳои наздик ба Ҳукумат, Фарзона рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Ҷанбаҳои муосири хизматрасониҳои тиббӣ-иҷтимоӣ ба кӯдакон ва наврасон дар марказҳои саломатӣ” таҳти роҳбарии Набиев Зоир Нарзуллоевич, доктори илмҳои тиб, профессор, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ, ҳимоя намудааст.

Маълум нест, маросимии дифои рисолаи номзадии Фарзона кай ва чӣ гуна сурат гирифтааст, аммо гуфта мешавад, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотияш дар 15 мақолаи чопӣ дарҷ гардида, 9-адади онҳо бевосита ба мавзуи рисолаи илмияш рабт доштааст.

Фарзонаи Эмомалии 27-сола ба иддаои мақомот хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Академияи идораи давлатии Тоҷикистон буда, бо писари Юсуф Раҳмон, собиқ додситони кул ва Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Сафархон Раҳмон хонадор шуда буд.

Ӯ моҳи августи соли 2025 сардори Раёсати кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гашта буд.

Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон соҳиби 7 духтар ва 2 писар буда, наздикону фарзандонаш дар мақомҳои баланди давлатӣ кор мекунанд ва тиҷоратҳои бузургро дар кишвар дар даст доранд.

Аз ҷумла, яке аз духтаронаш Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент, писараш Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе ва ҳамзамон раиси Маҷлиси миллӣ, Рухшона Эмомалӣ, духтари дигари Эмомалӣ Раҳмон, сафири Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолист, Зарина Раҳмон, духтари дигари раисҷумҳур, муовини аввали раиси “Ориёнбонк”, яъне муовини тағояш Ҳасан Асадуллозода ва домодаш Ашрафҷон Гулов, сафири Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб мебошанд.

Инчунин дигар духтарону домодҳояш Парвина ва Таҳмина Раҳмон, Шамсулло Соҳибов, Зарифбек Давлатов ва ғайра тиҷоратҳои бузургеро дар кишвар идора мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ду кушта ба ҷо гузошт

Шаби 17-уми апрел дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон даргирии мусаллаҳона сура гирифт, ки дар натиҷа ду нафар кушта шуданд.

Истифодаи паҳподҳо дар машқҳои низомии “Ҳамкорӣ–2026” дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон машқҳои низомии муштараки амалиётӣ-стратегии "Ҳамкорӣ–2026" бомуваффақият анҷом ёфтанд.

Ихроҷи 6 ҳазор муҳоҷир аз Русия дар як моҳ

Мақомоти Русия тасмим гирифтаанд тақрибан 6 ҳазор шаҳрванди хориҷиро аз кишвар ихроҷ кунанд.

Муҳоҷирон дар Русия: Корфармо шиносномаҳоро гирифта, маошро ҳам намедиҳад

Гурӯҳе аз муҳоҷирони кории Ҳиндустон дар шаҳри Санкт-Петербург иддао доранд, ки корфармои рус шиносномаҳои онҳоро гирифта, на маошашонро медиҳад ва на шиносномаҳоро бозпас мегардонад.