26.9 C
Dushanbe

Фавти 11 маҳбус аз коронавирус дар зиндонҳои Тоҷикистон

Даргузашти 11 зиндонӣ дар Тоҷикистон бар асари сирояти коронавирусро мақомоти ин кишвар такзиб мекунанд. Аммо бар пояи ахбори расида аз наздикони маҳбусон ва матлабҳои нашршуда дар шабакаҳои маҷозӣ ин шумора аз маҳбусон ба маҳзи гирифторӣ ба ин беморӣ вафот кардаанд.

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вазорати адлияи Тоҷикистон дар як гуфтугӯ бо “Озодӣ” таъйид мекунад, ки дар ин муддат 11 маҳбус дар зиндонҳо дар пайи беморӣ ҷон бохтанд. Аммо гуфтааст онҳо гирифтори пневмания будаанд ва инро муоинаи пизишкон тасдиқ кардааст: “Пизишкони мо ташхис карданд, ҳамаашон илтиҳоби шуш ё пневмония баромаданд”.

Сардори идораи зиндонҳои Тоҷикистон таъйид мекунад, ки ҳамин ҳоло низ 7 тан аз маҳбусон бо таби баланд бистарианд, дар ҳоле, ки ҳарорати баланд яке аз аломатҳои коронавирус дониста мешавад. Аммо таъкид кардааст, ки адади онҳое, ки мубталои таби баланд ҳастанд, дар муқоиса бо рӯзҳои пеш коҳиш ёфтааст. 

Ин гуфтаҳои Умаровро наздикони маҳбусони фавтида қабул надоранд ва мегӯянд, ки бастагони онҳо ба маҳзи гирифторӣ ба коронавирус ва бадтар аз ин бетабобат боқӣ гузоштани онҳо сабаби маргашон шудааст. Бастагони Абдулфайз Раҷабов, маҳбуси 47-сола қаблан гуфта буданд, ки ӯ аз бемории COVID-19 дар зиндон вафот кардааст. Раҷабов рӯзи 9-уми май дар маҳбаси рақами яки шаҳри Душанбе фавтид. Мақомот сабаби марги ӯро ҳам илтиҳоби шуш ё худ пневмония гуфта буданд. Идомаи мавзӯъро мешунавем. 

Пештар хабарҳо аз гирифтории Раҳматуллои Раҷаб, узви Раёсати олии зиндонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо Ковид-19 аз тарафи пайвандонаш расоанӣ шуда буд..Шӯҳрати Раҳматуллоҳ, писари Раҳматуллоҳи Раҷаб навишта буд, ки ташхиси рентгении падарашро ба як лабораторияи хориҷӣ бурда ва “вуҷуди 90% аломатҳои коронавирус”-и ӯро ташхис нишон додааст. Ба гуфтаи ӯ аз падараш ва дигар маҳбусон тест нагирифтаанд ва доруҳои заруриро ҳам худашон ба зиндон дастрас мекарданд. Мушкилоти дармону табобати маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон ва шароити беҳдоштии он на як бору ду бор мавриди баҳсу баррасӣ дар расонаҳои расмиву ғайрирасмӣ шудааст.

Ахиран Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои тоҷик, ки чанд солеро ҳам дар зиндонҳои Душанбе гузаронд бо як навиштаи муфассал навишт, ки ҳатто табибони зиндонҳо умдатан таҳсилоти олӣ надоранд ва ё ҳатто байтор-табибони ҳайвонҳо ҳастанд. Аз тарафи дигар Қудратов мегӯяд, ҳатто одитарин ва арзонтарин қурс ва ё таблеткаро наметавон бидуни пардохти як маблағи даҳ баробар аз арзиши он дастрас кард. Гузашта аз ин санчаст ва ё қисмҳои тиббӣ барои маҳбусони пулдор ба як “осоишгоҳ” табдил шуда ва дар асл ҳамчун “кормушка”-и роҳбарони зиндонҳо истифода мешавад. Бо ин вуҷуд Мансурҷон Умаров, сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон таъкид мекунад, ки ин мушкилот рафъ шудааст. Ӯ мегӯяд: “Аслан масъалаи ҷойи хоб, дору нест, рентген ва дастгоҳи нафасдиҳӣ дар ҳамаи зиндонҳо ҳаст ва дар ин самт мушкилот надорем. Зиндонҳои Тоҷикистон бо доруҳои зарурӣ ва дастгоҳҳои нафасдиҳӣ таъмин мебошанд”.

Надодани имконият ва иҷозат ба ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки бо дархости намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мехостанд, ки вориди маҳбасҳо бишаванд то аз вазъияти зиндонҳо огоҳӣ пайдо кунанд, шакку гумонҳо дар мавриди беҳдоштии шароит дар зиндонҳоро бештар доман задааст. 

Моҳи май пайвандони чанде аз маҳбусон бо ирсоли номае ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хостори беҳбуд бахшидани вазъ дар зиндонҳои Тоҷикистон ва озодии афроди гуноҳашон “сабук”  ва аз 50-сола боло шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба ин даъватҳо гуфтанд, вазъият ба андозае нест, ки наздикони маҳбусон тасвир мекунанд. Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар кишвар мулоқоти маҳбусон бо наздиконашон аз охири моҳи март манъ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки 16-уми май, ҳамсари Муҳаммадали Ҳаит ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ нома навишта, хостори мулоқот бо ҳамсараш шуда буд. Ин пас аз онест, ки Мансурҷон Умаров, сардори муассисаҳои ислоҳӣ дар сӯҳбат ба расонаҳо гуфта буд, ки зиндониён ҳақ доранд тариқи телефон бо наздиконашон ҳамсӯҳбат шаванд. Аммо чунин ҳақро бо далели дар СИЗО будани Маҳмадалӣ Ҳаит ба ҳамсари ӯ надоданд. 

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 3-уми июн ҳамсари Маҳамадалӣ Ҳаит, хонум Савринисо ба мо хабар дода буд, ки пас аз ирсоли нома ба унвонии Мансурҷон Умаров 18 рӯз боз интизори ҷавоб аст, вале то ҳол ҳеч хабаре нест.

Аммо рӯзи 11 июн хабар расид, ки аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии кишвар ба ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит занг зада гуфтаанд, ки дархосташон рад шудааст, ба хотири он ки Маҳмадалӣ Ҳаит ба ҳабси якумра маҳкум мебошад ва ин имтиёз, яъне сӯҳбати телефонии зиндониён бо хонаводаҳояшон, ба маҳкумшудагони умрбод амалӣ намешавад. Ҳамзамон писари Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадиқбол, як зиндонии дигари сиёсӣ, ки бо ҳукми абад дар зиндон қарор дорад, ин гуфтаҳоро низ дар сӯҳбат бо мо тасдиқ кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.