Фавти ду ноболиғ дар пайи омадани сел дар вилояти Хатлон

Ду кӯдаки хурдсол дар натиҷаи боришоти рӯзҳои гузашта дар ноҳияи Шамсидин Шоҳин ҷони худро аз даст доданд ва як навҷавони 18-сола захмӣ шудааст.

Гуфта мешавад, дар пайи ин боришот ва омадани сел хисороти моддӣ ба деҳаҳои ноҳия ворид шудааст. “Азия-плус” бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон имӯрз гузориш дода, ки ду рӯзи пеш 3-уми июн ноболиғон Шамил Ҳошимзодаи 9-сола ва Салмоншоҳ Ғафурзодаи 11-сола, ҳангоме ки бо Билол Ғафурзодаи 18-сола дар чарогоҳ машғули чорводорӣ буданд, бо омадани ногаҳонии боришоти шадид ва сел тоб наоварда, ҷон бохтаанд.

Намояндаи КҲФ гуфтааст: Салмоншоҳи 11-сола, ки ҳамроҳи бародараш Билол, сокинони деҳаи “Дараи об” дар чарогоҳ буд, ба боришоти шадиди борон тоқат наёварда, дар натиҷаи карахтшавии бадан дар ҳамонҷо даргузаштааст. Билол низ бо хамин сабаб маҷруҳ гашта, ҳоло дар бемористон карор дорад.

Аммо гуфта мешавад, Шамили 9-сола, ки аз аҳолии деҳаи “Доғистон” мебошад, даргири сел гардида, бадани беҷонаш 1 километр дуртар аз макони ҳодиса пайдо шудааст.

Ин ҳодисаи ногувор дар ҳоле рух медиҳад, ки бар асоси гузоришҳо, дар баъзе аз деҳаҳои ин ноҳия ва дигар ноҳияҳои кишвар дар пайи омадани сел дар рӯзи 3-уми июн роҳҳои мошингард, замин ва хонаҳои аҳолӣ осеб дидаанд.

Тоҷикистон ҳамасола дар фаслҳои боронӣ ҳаводиси табиӣ ва баъзан хатарнок ба монанди сел, раъду барқ ва резиши сангу хок аз кӯҳу водиҳоро аз сар мегузаронад, ки гоҳо ба марги шаҳрвандон меанҷомад. 

Дар чунин ҳолатҳо аз сокинон хоста мешавад, дар рӯзҳое, ки боришоти шадид пешбинӣ мешавад, аз чорвочаронӣ, сайругашт, шикор дар доманакӯҳҳо, соҳилҳо ва дигар манотиқи эҳтимоли хатар эҳтиёткор бошанд ва дар сурати зарурӣ аз рафтан худдорӣ кунанд.   

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.