Фиреби мардум бо ваъдаи Амрико фиристодан

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 14-уми апрел аз боздошти ҷавоне бо иттиҳоми фиреби мардум хабар дод.

Дар иттилоияи ин ниҳод омада, ки Ҳасанов Аҳмадҷон ҷавони 28-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми “қаллобӣ дар ҳаҷми калон” боз шуда буду дар ҷустуҷӯ қарор дошт, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дастгир шудааст.

Аммо дар хабари ВКД-и шаҳри Душанбе гуфта нашудааст, ки ин ҷавон дақиқан кадом рӯз боздошт ва алайҳи ӯ кай парванда боз карда шудааст.

ВКД мегӯяд, тафтишот муайян карда, ки “гумонбаршаванда шаҳрвандонро фиреб дода, бо ваъдаи ба Амрико фиристодан аз ҳар кадоме беш аз 20-ҳазор долларӣ гирифта, ба манфиати худ сарф намудааст.”

Аммо дар бораи ин ки чанд нафар ба доми фиреби ин ҷавон афтодаву дар умум чанд ҳазор доллари мардумро бо роҳи фиреб гирифтааст, чизе гуфта намешавад.

Ин ниҳод хабар дода, ки “айни замон Ҳасанов А. дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, оид ба кирдорҳои қаллобонаи ӯ тафтишот идома дорад.”

То ба ҳол назари худи боздоштшуда ва ё наздикони ӯ дастрас нест. Ва ҳамзамон шикояти ҳеч ҷабридаде дар расонаҳо нашр нашудааст.

Боздошти ин ҷавон дар ҳолест, ки пас аз фишору ихроҷи зиёди муҳоҷирон аз Русия, аксари муҳоҷирони кории тоҷик кишварҳои дигарро барои ёфтани луқмаи нон ҷустуҷӯ доранд. Аксари онҳо талош доранд ба Куриёи Ҷанубӣ, кишварҳои аврупоӣ ва Амрико барои кор сафар кунанд, вале мутаассифона дар ин миён қаллобон ва фиребгароне пайдо шудаанд, ки бо ваъдаи таъмини ҷои кори хуб онҳоро фиреб медиҳанд.

Ҳукумати кишвар ҳам дар ростои таъмини ҷойҳои корӣ дар дохили Ватан чандон талоше надорад ва баракс, дида мешавад, ки бо кишварҳои хориҷӣ барои фиристодани муҳоҷирон шартномаҳои нав мебандад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Парвандаи қатли Домулло Абдуманнон ба додгоҳ рафт

Таҳқиқи парвандаи қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини ҲНИТ ба поён расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Исфара фиристода шуд.

Тоҷикистон мизбони Конфронси оби СММ мешавад, вале сокинон аз беобӣ ранҷ мекашанд

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 2-уми сентябр бо иттифоқи оро қатъномаеро қабул кард, ки тартиби баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро расман тасдиқ мекунад.

Ҷангҳо бар зидди Украина ва Эрон нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон гаронтар карданд

Ҷанги Русия алайҳи Украина аз як сӯ ва танишҳои Амрикову Эрон аз сӯи дигар ба бозори дохилии сӯзишвории Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расондааст.

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.