Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 2-уми сентябр бо иттифоқи оро қатъномаеро қабул кард, ки тартиби баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро расман тасдиқ мекунад.
Бар асоси ин қарор, ҳамоиши ҷаҳонӣ аз 4 то 6-уми майи соли 2028 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Қатънома инчунин пешбинӣ мекунад, ки санади ниҳоии конфронс бо номи “Чорчӯбаи оби Душанбе” таҳия шавад. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, ин санад барои идомаи ҳамкории байналмилалӣ дар бахши идоракунии захираҳои об пас аз анҷоми Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018–2028″ замина фароҳам меорад.
Ҳамзамон қарор шудааст, ки соли 2027 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ҷаласаи сатҳи баланд барои омодагӣ ба конфронси Душанбе баргузор шавад.
Тоҷикистон солҳои охир яке аз кишварҳои фаъол дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ба шумор меравад ва чандин ҳамоиши сатҳи баландро дар ин самт мизбонӣ кардааст.
Бо вуҷуди ин, баргузории конфронси нави ҷаҳонии об дар Душанбе дар ҳолест, ки худи Тоҷикистон то ҳол бо мушкилоти дастрасӣ ба оби нӯшокии тоза рӯбарӯст.
Тибқи омори расмии Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Тоҷикистон, то охири соли 2025 танҳо 67,3 дарсади аҳолӣ, ё тақрибан 6,9 миллион нафар, бо шабакаҳои мутамаркази оби нӯшокӣ таъмин шудаанд. Ин маънои онро дорад, ки беш аз се миллион сокини кишвар то ҳол ба оби нӯшокии тоза дастрасии доимӣ надоранд.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ Ҷамшед Табарзода, сатҳи дастрасӣ ба оби нӯшокӣ дар шаҳрҳо 90,7 дарсад, вале дар деҳот ҳамагӣ 57,8 дарсад мебошад.
Дар бисёре аз деҳаҳои кишвар сокинон барои дастрас кардани об аз чашмаҳо, дарёҳо ё чоҳҳо истифода мекунанд. Дар баъзе минтақаҳо низ об тавассути мошинҳои обкаш интиқол дода шуда, сокинон онро дар ҳавзҳо ва зарфҳои махсус барои истифодаи рӯзмарра захира мекунанд.
Мунтақидон мегӯянд, дар ҳоле ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ яке аз ташаббускорони асосии рӯзномаи ҷаҳонии об ба ҳисоб меравад, вале то ҳанӯз натавониста дастрасии аҳолии худашро ба оби нӯшокии бехатар дар дохили кишвар таъмин кунад.
