Раҳбарони бевиҷдону бесавод?

26-уми июл, раиси шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) Сиҷоуддин Саломзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки роҳбарони бевиҷдон ва бесавод дар шаҳри Бохтар зиёданд.

Бино ба навиштаи “Азия -Плюс”, ин гуфтаҳои раиси шаҳр замоне садо дод, ки рӯзноманигорон дар бораи риоя накардани меъёрҳои санитарӣ дар ошхонаҳо ва аксар нуқтаҳои хӯроквории шаҳр пурсиданд. Сиҷоуддин Саломзода аз сардухтури маркази санитариву эпидемилогии шаҳри Бохтар хост, ки ба ин суол посух гӯяд, аммо баъдтар маълум шуд, ки ӯ дар нишаст ҳузур надорад.

Раиси шаҳри Бохтар ба набудани сардухтур дар нишасти матбуотӣ вокуниш нишон дода, гуфт, ки дар маркази вилоят роҳбарони бевиҷдону бесавод зиёданд.

“Дар шаҳри мо роҳбарони бевиҷдон ва бемасъул кам нестанд. Онҳо боз бесаводанд. Одат кардаанд, ки ба ҳама масъалаҳо раиси шаҳр масъул аст. Аз ин рӯ, хоҳанд меоянд, нахоҳанд, намеоянд”, – изҳор дошт ӯ.

Ӯ дар идомаи суҳбаташ аз масъулони Маркази санитариву эпидемиологӣ интиқода намуда, афзуд, ки “мутахассисони маркази санитариву эпидемиологӣ худашон масъулият ҳис намекунанд. Онҳо риоя накардани меъёрҳоро ошкор намуда, ба онҳо ҷиддӣ сарукор намегиранд ва корро то ба охир намерасонанд.”

Вай афзуд: “Вақте қонуншиканиро ошкор намудӣ, бояд ба ҷавобгарӣ ҷалб намуд, то ҷавобгарии ҷиноятӣ. Вақте як бору ду бор камбудиҳоро бартараф накард, маводро ба прокуратура пешниҳод намудан лозим аст, то ки онҳо ба чунин қонуншиканиҳо расидагӣ кунанд”.

Раиси шаҳри Бохтар дар ҳоле аз ҳузур наёфтани масъулони шаҳр интиқод намуд ва онҳоро бевиҷдону бесавод хонд, ки дар шаҳри Душанбе аксари вазирону наздикони Раисҷумҳур дар нишастҳои матбуотӣ ширкат намекунанд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар муддати қариб 30 соли роҳбариаш ягон маротиба бо журналистони Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор накардааст. Ҳамзамон писараш Рустами Эмомалӣ, ки аз соли 2017 инҷониб шаҳрдори пойтахт аст, ягон маротиба бо рӯзноманигорон вонахӯрадааст. Духтараш Озода Раҳмон, ки раиси Дастгоҳи президент аст, низ ягон маротиба дар ҳузури журналистон нишасти матбуотӣ доир накардааст.

Бек Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва қудои президент ҳам дар нишастҳои матбуотии ниҳоди зертобеаш тайи чанд соли ахир ширкат накардааст.

Дар байни домодҳо ва фарзандони мансабдори президент танҳо Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми Бонки миллии Тоҷикистон дар нишастҳои матбуотӣ бо рӯзноманигорон рӯбарӯ мешавад.

Масъалаи бемасъулиятии мақомдорон дар баробари расонаҳо ва ҷомеа борҳост дар расонаҳо нашр шудааст. Аммо, то ҳол бо баҳонаҳои гуногун аксари масъулин аз посух додан дар назди мардум фирор мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.