Фишори аз ҳад зиёди мақомот болои модари Беҳрӯз Тағойзода

Мақомоти амнияти Тоҷикистон алайҳи модари Беҳрӯз Тағойзода, фаъоли сиёсии тоҷик ва узви “Гурӯҳи 24” он қадар зиёд фишор овардаанд, ки вай “дар рӯбарӯи марг истод” аст.

Имрӯз, 6-уми декабри соли 2022, кормандони мақомоти амниятӣ дар шаҳри Душанбе модари фаъоли сиёсии тоҷик Беҳрӯз Тағойзодаро, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунанд, он қадар зери фишору таҳдидҳо қарор додаанд, ки нафастанг шуда, бо фишори баланд ӯро ба бемористон интиқол доданд.

Ин фаъоли сиёсии тоҷик дар суҳбат бо Azda tv гуфт, ҳар чанд чунин фишорҳо аз қабл низ болои модар, падар ва тамоми аҳли хонавода вуҷуд дошт, вале дар ин чанд рӯзи ахир мақомот шиддати фишорҳоро зиёдтар кардаанд ва аз ӯ хостаанд, ки фаъолиятҳои сиёсии худро қатъ кунад.

Мақомоти амниятӣ дар шаҳри Душанбе ба раҳбарияти ҷамоати деҳоти онҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ фишор овардаанд, ки то замони қатъ кардани фаъолиятҳои сиёсӣ ва расман узрхоҳӣ кардани Беҳрӯз Тағойзода, барои баргузории маросими тӯйи арусии бародараш иҷозат надиҳанд.

Ин фаъоли сиёсӣ хитоб ба мақомоти амниятӣ, ки дар шиканҷа ва фишор овардан болои хонаводааш даст доранд, таъкид мекунад: “То имрӯз ҳар ҷурмеро раво дидед, дар баробари он ҷиноятҳоятон ҳарф назадам. Акнун соати он расидааст, ки исмҳои шуморо яке паси дигаре барои мардум муариффӣ кунам.”

Вай имрӯз номи ду тани онҳоро низ расонаӣ кард, ки яке аз онҳо “Зафар Мансуров, корманди амният ва мудири шуъба бо номи Илҳом” будааст.

Беҳрӯз Тағойзода мақомоти амниятиро мавриди хитоб қарор дода меафзояд: “он амалҳои ноҷавонмардонаи шумо тӯли ин ҳафта, ки болои МОДАРИ азизам, ки ба марг рӯ ба рӯяш овардед, шикаст не, балки қувваи изофагӣ барои ман медиҳад.”

Гуфта мешавад, Беҳрӯз Тағойзода, яке аз фаъолони сиёсии тоҷик ва узви “Гурӯҳи 24” аст. Вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бахусус барномаҳои “Садои Мардум”, ки аз ҷониби канали ютюбии ин гурӯҳ нашр мешавад, муҷрӣ аст ва бо исми Салмон ҳам шинохта шудааст.

Барномаи “Садои Мардум” то кунун ҳар ҳафта як маротиба ва дар ҳолатҳои истиноӣ бештар аз он ҳам нашр мешуд, вале акнун Беҳрӯз Тағойзода мегӯяд: Ба хотири барномаи “Садои Мардум” шумо ба ҷони инсонҳо бозӣ карда истодаед, пас интизори дар ҳафтае ду ё се маротиба дидани ин барнома бошед.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хадамоти муҳоҷират аз ҷамъоварии пул барои кумакҳо ҳушдор дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд.

Демократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Ҳизби демократи Амрико бо пирӯзии аксарият бар ҷумҳурихоҳони ин кишвар дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омаданд.

Вазорати мудофиа: Беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр хабар дод, ки дар моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати сарбозон ба артиш иҷро шудааст.

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.