13.9 C
Dushanbe

ФУРӮХТАНИ ЯК ВАҶАБ ХОКИ ВАТАН НАНГИНТАРИН АМР БАР ДОМАНИ ПОКИ ВАТАН АСТ

БОЗНАШР АЗ САҲИФАИ ФЕЙСБУКИИ ДОНИШМАНДИ ТОҶИК, ЛУҚМОН БОЙМАТОВ.

Лукмон Бойматов
**ФУРЎХТАНИ ЯК ВАҶАБ ХОКИ ВАТАН НАНГИНТАРИН АМР БАР ДОМАНИ ПОКИ ВАТАН АСТ** *«Агар Худованд бихоҳад мардумро бузург намояд онро аз бахшиш ва покдоманӣ баҳраманд гардонад…

«Агар Худованд бихоҳад мардумро бузург намояд онро аз бахшиш ва покдоманӣ баҳраманд гардонад ва агар бихоҳад қавми ўро нобуд созад, роҳи хиёнатро ба рўи онон бигшояд.”(ҳадиси Паёмабари ислом)

Муддатест, иддае аз масъулини баландпояи кишвардорӣ, рӯшанфикрон ва ҳатто коршиносони масоили равобити байнамилалии кишвари Тоҷикистон дода шудани бахши кӯчакеро аз ҳудуди чумҳурӣ ба Чин (шояд амдан ва ё аз роҳи номаълуме) яке аз намунаҳои боризи бохти истиқлоли миллӣ маънӣ мекунанд. Ва пӯшида ҳам нест, ин дидгоҳ дер боз аст, ки дар афкори умум чо гирифта ва хамагӣ маъюсанд.

Бо камоли таассуф, то имрўз ин мавзўъи рўҳшикани миллӣ ба гунае, ки комилан илмӣ бошад, мавриди баррасии коршиносони дохилу хорич қарор нагирифтааст.

Гузашта, пахши такрор ба такрори «матолиби таърихӣ» дар нашрияҳои Чумҳурии Халқии Чин пиромуниин ки гӯйи ниме ва ё тамомии ҳудуди Чумҳурии Тоҷикистон дар гузаштаи дуру начандон дур муталлиқ ба Чин буда бошад, ҷомеъаро сахт нигарон кардааст.

Пурсишам аз Раёсати Институти таърихи Академияи Улуми Тоҷикистон ва муҳақиқин ва пажўҳишгарони пуровозаи ин маркази таҳқиқотии кишвар ин аст:

Чӣ далел шуда, ки дар посух ба иддаъоҳои мустақим ва ғайри мустақим, ки пайваста дар воситаҳои ахбори Чин ва кишварходигар нашр мешаванд, сокитанд?

Оё касе дар ин пажўҳишгоҳ ҳаст, ки дар таърихинигории чинӣ мутахассис бошад?

Чаро коршиносони масоили равобити байналмилалӣ ва пажўҳишгарон аз Маркази пажўҳишҳои истротежиии кишвар дар ин маврид натоиҷи таҳқиқоти худро ироъа намекунанд?

Чӣ чизе пеши роҳи анҷом додани таҳқиқоти ҷомеъу амиқи илмиро дар заминаи таърихи марзу буми давлату ҳаққи миллати тоҷик мегирад?

Иқтибосҳо аз асли мақола:

«Аммо ҳақиқати маҳз ин аст, ки хоки ватан амонати миллат бар гардани давлат аст ва ҳеч давлате (шахсе ва ё гурўҳе бо ҳар ном), бидуни машаварат бо миллати хеш ҳаққи «буридану пора кардан»-и амонати ачдодро надорад.”

«Аз рўи ахлоқи ичтимоъӣ қазияи «пас додани хоки Чин» фавқулодда шармовар аст ва ба ҳеч мантиқ ҳамоҳанг нест, магар ба манофеъи гурўҳу гурўҳакҳо. Бо ин амал арзиши гаронмояи ахлоқии бузургони адаби хешро низ зери суол бурдем.»

«Чӣ гуна таъаччуб наметавон кард, бо ин ҳама маниятҳои академикҳои фалсафафурўш ва худбартарбиниҳои донишмандони ҳамадон, чомеъаи мо ҳанўз ҳам ба дурустӣ ба маънии садоқату хиёнат даст пайдо накардааст. Ин чост, ки ба хато бар ин гумонем, ки хиёнату фарор аз масъулият фақат хўйи қишри пойини чомеъа аст ва бар онем, ки гўӣ болонишинҳо ҳаргиз хиёнат намекунанд! Ин дар ҳолест, ки сахтарин зарбаҳо бар ниҳоди ватан аз болонишинон фурў мерезад.”

«Шармандагист, ҳатто бо сукутамон дасти ҳамкорӣ ба хиёнат медиҳем. Пок аз ёд баровардаем, ки «хиёнати бузург он аст, ки дигарон туро тасдиқ кунанд, вале ту дурўғ бигўӣ.» (ҳадиси Паёмабари ислом). Ҳақиқати талх ин аст, ки мо ҳама хоини рўзгори хешем.»

«Ба сабаби ноогоҳӣ, дар ин бозиҳои бузург ва касифи сиёсат мо бахтаем. Барандагонро маҳкум нест ва бозандагонро ҳамеша маҳкум аст.”

«Дирўзҳо аз душманон менолидем, ки сарзамини падаронамонро «табартақсим» карданд, вале акнун аз худ чӣ нолем, ки амонати ачдодро ба бегонагон муфт додаем!- Эй кош, ҳушёр мебудем ва мефаҳмидем, ки фурўхтани як вачаб хоки ватан нангинтарин амр бар домани поки ватан аст.»

«Чӣ касе метавонад гўяд, ки бо ин тасмими хеш тухмаҳои хусумати ояндаро миёни миллатҳои бузургу кўчак напошидаем?

Чӣ касе метавонад посух бидиҳад, ки наслҳои оянда ба хотири ҳаққи хеш равонҳои падаронро сарзаниш нахоҳанд кард?

Чӣ касе метавонад рад намояд, ки рўзе фаро хоҳад расид, ки ояндагони мо аз қаҳрамонони имрўзи падаронашон мучассамаҳои ибратомезе дуруст хоҳанд кард, ки як рўяшон сафеду рўи дигарашон сияҳ бошанд?

Чӣ касе метавонад пешгирӣ намояд, ки насле, ки аз хиёнати мо дилхўр мешавад, хоку устухонҳои моро бар бод нахоҳанд дод?

Кадоме аз зиндаҳои имрўз посухгўи љиноятҳову хиёнатҳоямон дар назди фардоиён хоҳад шуд?»

«Бояд бар рўи андешаҳоямон бияндешем, рўи хатоҳоямон тафаккуру таъаммул намоем ва назди ин миллати мазлуму ноогоҳ, пеши фарзандони хеш сари маъзарат фурў ниҳем ва бипазирем, ки қазияи пораи кўчаки хоки Точикистон бо тамомии буъдаш дар сафҳаи рўзгори миллат нанговар аст!»

«Ин санад – мўҳри сиёҳест дар пешонаи сафеди сарнавишти миллат.”

“Ин бешарафтарин санадест, ки дар сафаҳаи таърихи истиқлоли меҳан мондагор хоҳад монд!»

Манбаъ:Фурўхтани як вачаб хоки Ватан нангинтарин амр бар домани поки Ватан аст. //Озодагон, http://www.ozodagon.com, 2014, 11 сентябр.Матни комил: Фурўхтани як вачаб хоки Ватан нангинтарин амр бар домани поки Ватан аст. // Худкомагон дар ойинаи таърих. “GlobeEdit”, Beau Bassin (Mauritius), 2020, С. 28-34.PDF -и макола дар сомонаи илмии зайл:https://www.academia.edu/…/THE_DICTATORS_IN_THE_MIRROR…ФБ, “Тураника”, 22.01.2021. “

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони 3 нафарро гирифт

Давоми ду рӯзи ахир дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боронҳои шадид борида, селҳо ба вуҷуд омад ва дар натиҷа ба сокинон хасорати зиёд ворид гашт.

Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар "парад"-и низомӣ...

Русия тамрини силоҳи ҳастаиро оғоз кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати дифои кишвараш тамирини омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаиро иҷозат дод.

Суҳбати телефонии Лавров ва Муҳриддин

Имрӯз, 30-юми апрел бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии...