26.9 C
Dushanbe

Газ гарону камёфт ва нархи таксиҳо боло рафт

Бо гарон шудани нархи гази моеъ дар Тоҷикистон, ин навъи сӯзишворӣ камёфт шуда, боиси боло рафтани роҳкирои таксиҳои 7-сомона дар Душанбе гаштааст.

Бино ба иттилои “Asia-Plus”, нархи гази моеъ дар бархе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ то ба 8 сомонӣ расидааст ва дар ҷойҳое, ки қимати он аз 7,20 то 7,80 сомонӣ аст, лимит барои харид ҷорӣ шудааст.

Ба гуфтаи ронандагон, аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории кишвар дар зарфи ду-се соат тамоми сӯзишвории барои рӯз пешбинишударо фурӯхта, то рӯзи дигар баста мешаванд.

Дар ҳамин ҳол як ронанда аз шаҳри Душанбе дар суҳбат бо “Asia-Plus” гуфтааст, ки бензин ҳам камёфт шуда, субҳи имрӯз ба чаҳор нуқтаи сӯзишвории пойтахт пайиҳам рафта, бензин наёфтааст.

Мақомот то ҳол сабаби гарону камёфт шудани газу бензинро дар кишвар шарҳ надодаанд, аммо кормандони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ин мушкилиро нархи яклухти газу бензин дар кишварҳои содиркунанда рабт додаанд.

Гуфта мешавад, дар пасманзари боло рафтани қиммати газу бензин ва камёфт шудани он дар кишвар, роҳкиро низ гарон шудааст.

Аз ҷумла, таксиҳои “7-сомона”-и шаҳри Душанбе 10 сомонӣ шуда, инчунин нархи роҳкиро аз пойтахт ба ба баъзе манотиқи дигари кишвар низ 3-5 сомонӣ боло рафтааст.

Тибқи оморҳои расмӣ, дар нимсолаи аввали соли 2023 аз ҷониби 30 ширкат ба Тоҷикистон беш аз 174 ҳазор тонна бензини тамғаҳои гуногун ба маблағи тақрибан 100 миллион доллар ворид карда шудааст, ки 59 дарсади он ба ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон” рост меояд.

Гуфта мешавад, ки маҳсулоти нафтии Тоҷикистон асосан аз Федератсияи Русия (85,4%), Қазоқистон (5,1%), Туркманистон (4,4%), Узбекистон (2,6%) ва дигар кишварҳо (2,5%) ворид мешавад.

Аммо гази моеъ асосан аз Қазоқистон (73,5%) ва Русия (тақрибан 24,7%) ворид карда мешавад ва дар нимсолаи аввали соли 2023 14 ширкат ҳудуди 170 ҳазор тонна гази моеъ ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 66 миллион доллар ворид кардаанд.

Ба иттилои расонаҳо, дар ҳоли ҳозир мақомоти Қазоқистон содироти газро ба дигар кишварҳо манъ кардааст ва яке аз сабабҳои камёфт ва боло рафтани қиммати ин навъи сӯзишвориро коршиносон ба ҳамин рабт медиҳанд.

Аммо аксари коршиносон бар ин назаранд, ки сабаби асосии гароншавии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон инҳисори мутлақи ин тиҷорат аз ҷониби наздикони Эмомалӣ Раҳмон ва набудани рақобати солим дар ин соҳа мебошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳунари аз “фил пашша сохтан” дар 33 соли истиқлоли Тоҷикистон

Тоҷикистон истиқлоли худро аз Иттиҳоди Шӯравӣ 9-уми сентябри соли 1991 ба даст овард. Инак аз ин рӯзи торихӣ 33 сол мегузарад.

Сафари Рамазон Раҳимзода ба Чин

Бино ба иттилои расонаҳо, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Чин сафар кардааст.

Ҳамалаи паҳподҳо ба Русия ва қатъи фаъолияти фурӯдгоҳҳои Москав

Шаби гузашта дар манотиқи мухталифи Русия ҳамлаи густардаи паҳподҳои...

Эмомалӣ Раҳон нонвойхонаеро дар Хуҷанд ифтитоҳ кард

Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумуҳури Тоҷикистон ду руз шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ифтитоҳи мағозаву ҳавз ва обкашу дигар иншооти хурду калон машғул аст.