13.9 C
Dushanbe

Гирдиҳамоии бузурги уламои Афғонистон дар Кобул

Субҳи имрӯзи нахустин нишасти уламои Афғонистон бо ҳузури беш аз 3 ҳазор нафар аз сар то сари ин кишвар оғоз ба кор кард.

30-юми июни соли 2022, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар саҳфаи тввитриаш дар бораи оғози “Гирдиҳамоии бузурги уламои Афғонистон” дар шаҳри Кобул хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин нишаст бо ҳузури раҳбарони воломақоми Аморати исломии Толибон дар Афғонистон оғоз ба кор карда, раисулвузарои ҳукумати Толибон ҳам таъкид карда, ки “тамоми талошамонро барои таҳкими низоми исломӣ ба харҷ диҳем.”

Раисулвузарои ҳукумати Толибон, ки дар ҷамъи уламои ин кишвар суҳбат мекард, таъкид карда, ки “Амороти Исломӣ дар ҳама заминаҳо талош мекунад, то норизоятиҳоро бартараф кунад. Мумкин дар баъзе ҷойҳо мушкилот вуҷуд дошта бошад, вале ҳар касе онҳоро бо мо дар миён бигузорад, барои ҳалли онҳо чораандешӣ мекунем.”

Аммо

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таъкид карда, ки “ин гурӯҳи ишғолгар дар чунин шароити ошуфта ва беэътимодӣ дар талош аст, то бо тарфанде зери номи нишсати уламо ё ҷирга ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардумро фиреб диҳад ва иддаои касби машруият аз роҳи чунин намоишҳои иғвогароёна намояд.”

Пеш аз ин Ҳизби ҷамъияти исломӣ шохаи Салоҳидин Раббонӣ ва Шӯрои муқовимати миллии Афғонистон баргузории ин нишасти Толибонро тарфанде зери номи гирдиҳамоӣ ва ё ҷирга барои касби машруияти дохилӣ ва байналмилалӣ тавсиф карда буданд.

Аз сӯи дигар хабаргузории “Бохтар“-и Афғонистон ҳам бо нашри гузорише аз ин нишаст дар истинода ба қавли мавлавӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ, як тан аз олимони тоҷиктабори Ҳироти Афғонистон, ки хеле изҳори назарҳояш дар гузашта ва ирмӯз ҳам ҷанҷолофар ва баҳсбарангез будааст, мегӯяд: “уламо бояд чунин фатво бидиҳанд, касе, ки дар баробари низоми кунунӣ меистад, сараш аз тан ҷудо шавад ва аз байн биравад.”

Пешниҳоди содир шудани ин “фатво” дар ҳоле ироа шудааст, ки тайи моҳҳои гузашта Толибон дар вилояти Панҷшер, Андаробҳои вилояти Бағлон ва ахиран дар Балхоби вилояти Сари Пули Афғонистон ба иртикоби қатлҳои омми мардумони мулкӣ, сар буридани бархе аз ғайри низомиён ва муҷозотҳои саҳроии эътирозгарон муттаҳам шудаанд.

Ин нишасти Толибон дар ҳоле бо ҳузури зиёда аз се ҳазор нафар аз тамоми шаҳристонҳои Афғонистон барои касби машрӯият баргузор мешавад, ки дар ҷамъи онҳо ягон зан вуҷуд надорад.

Абдуссалом Ҳанафӣ, муовини нахуствазири Толибон дирӯз дар шарҳи ин масъала гуфта буд: занон ҳама модарон ва хоҳарони мо ҳастанд. Мо ба онҳо эҳтироми комил дорем ва ин, ки фарзандони онҳо дар ин нишаст ҳузур доранд, онҳо низ ба наҳве дар ин нишаст дахиланд(шомил ҳастанд).”

Яке аз эродҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Афғонистон ва созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Аморати исломӣ он аст, ки то кунун натавониста, ки занонро ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи Афғонистон муаррифӣ кунад ва ба духтарони болои синфи шаш иҷозаи таҳсил диҳад, то ба мактабу донишгоҳҳо рафта таҳсилоти худро идома диҳанд.

Гуфта мешавад, аз замони дубора сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон ба рӯзи 15-уми августи соли 2021 беш аз даҳ моҳ гузашта, вале то кунун ҳеч кишваре ҳукумати муваққати онҳоро дар Кобул ба расмият нашинохтааст ва баргузории ин нишасти намодин ҳам яке аз талошҳои дигари онҳост, то касе дар дунё онҳоро эътироф кунад.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо тв

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.