35.9 C
Dushanbe

Гирдиҳамоии муҳоҷирони тоҷик дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав (Видео)

Имрӯз 2 апрел гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Маскав гирдиҳамоӣ ташкил карда, шиорҳои “Озодӣ ба Иззат Амон, Русия шаҳрвандони худро ҳимоят мекунад” сар доданд.

Дар наворҳо дида мешавад, шумори хеле зиёди аз муҳоҷирони гирдиҳамомада ба сӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав раҳсипоранд.

Наворҳо аз корбарон

Чанд нафар аз штирокчиёни ин гирдиҳамоӣ ба “Аздо тв” наворҳо фиристода, гуфтанд, ки пулис муҳоҷиронро боздошт кардааст.

Дар наворҳои дигар низ дида мешавад, ки пулис муҳоҷиронро аллакай боздошта ва ба автобусҳо савор мекунад.

Бино ба гуфтаи худи муҳоҷирон пулиси Маскав дар 12 автобус муҳоҷиронро савор намуда ба боздоштгоҳ мебарад.

То ҳол дар мавриди таҷаммӯи муҳоҷирон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав шарҳи расмие нашр нашудааст. Аз ин пештар низ нафарони андаке, ки барои талаби озодии Иззат Амон дар сафорат гирдиҳам омада буданд, аз ҷониби пулиси Маскав боздошт шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки Иззат Амон як чеҳраи маъруф ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон рӯзи 25 моҳи март шаҳрвандияш лағв ва рӯзи 27 дар Тоҷикистон хабари боздошташ расонаӣ шуд. ВКД-и Тоҷикистон Иззат Амонро ба қаллобӣ муттаҳм намуда, нисбаташ бо моддаи 247, қисми 4-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикстон паарванда боз кардааст.

Аммо наздикони ӯ ва ҷомеаи шарҳрвандӣ ин иттиҳомотро рад мекунанд ва парвандаро дорои ангезаи сиёсӣ унвон кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мишустин аз густариши ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон гуфт

Михаил Мишустин, сарвазири Русия дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш...

Трамп расман ба даст доштан дар ҷинояти нав муттаҳам шуд

Доналд Трамп, собиқ раисҷумҳури Амрико аз сӯи Вазорати додгустарии ин кишвар дар парвандаи нигаҳдории асноди маҳрамонаи давлатӣ пас аз поёни давраи президентияш муттаҳам мешавад.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кард.

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.