32.9 C
Dushanbe

Гиряи мардро дидаӣ?

Чанде қабл дар соҳили дарё як рӯзи истироҳатиро бо як ҷавони муввафақе, ки дар 30 солагӣ аллакай се мағозаи калон дар Русия кушодаасту даҳҳо нафарро бо ҷои корӣ таъмин намудааст, гузаронидем. Аз ҳар тараф чақ-чақ мекардем, нохост гап дар мавзуъи закот рафт. Ин дам он ҷавон гуфт, ки “ака, ягон маротиба гиряи мардро дидаӣ”? Гуфтам, албатта дидаам, аз ҷумла худам имсол он қадар гиристаам, ки шояд дар умрам ин қадар нагириста бошам. Ҷавон гуфт, гиряи дар мусибатро намегуям, гиряи аз ҳаяҷонро дар назар дорам. Гуфтам, на, надидаам, беҳтараш нақл кунед, чиро дар назар доред. Ҷавон ба нақл огоз кард:

“-Соли гузашта дар яке аз шаҳрҳои Русия як қисми маблағи закотамро ба чанд оилаи ниёзманд равон намудам. Қисми боқимондаашро, ки 40 ҳазор рублро ташкил менамуд дар кисаам монд ва нафаре, ки дар ҳақиқат ниёзманд бошад дарёфт нанамудам, фикр кардам чанд рӯзи дигар ҷустуҷӯ мекунам шояд, ки пайдо намоям. Рӯзи дигар ба Москов барои бор харидан сафар намудам. Дар бозори яклухтфурӯшии Москов аробакаш, ки ҷавони тоҷик буд борҳои харидаи маро то ба мошин мекашонд. Зимни боркашонӣ телефони дастии ӯ чанд маротиба занг мезад, гуширо гирифта наметавонист. Ниҳоят ӯ дар назди мошин бо арақи шаш қатор имкон ёфт телефонашро бардорад ва чанд қадам дуртар аз мошин ҳарф занад. Банда нохост шоҳиди гуфтугӯи ӯ бо духтараке шудам, ки бо гумони ғолиб хоҳари аробакаш буд. Духтарак аз Тоҷикистон занг мезад ва мегуфт, ки акаҷон пул равон кунед, ки аҳвол бад аст. Модар бемор шудаасту пул надорем, дору харида наметавонем. Рӯз аз рӯз ҳолаш бад шуда истодааст. Дар хона ҳеҷ чиз надорем. Майлаш мо рӯза мегирему намехурем, лекин очама табобат накунем аз даст меравад ва мегирист. Ҷавон мегуфт, ки охир шумо маро фаҳмед, ки ман нав омадаам, ҳанӯз ҳамаро нағз намешиносам, ҳамагӣ чанд рӯз шуд бо ҳоли зор патент кардаму худро дар қайд мондам. Ҳатто дар як рӯз як маротиба хурок мехурам то пул ҷамъ шавад. Пули хонаро додан лозим, охир дар ин ҷо пул намеборад. Аммо гиряҳои хоҳар ҷавонро бовар мекунонд, ки дигар илоҷ нест бояд аз таги замин ҳам бошад аққалан 10 ҳазор рубл пайдо карда, равон кунад.

Ҷавон гуфтугӯро хотима дод ва гӯширо ба ҷайб гузошт, дар чеҳрааш яъсу навмедӣ намудор буд. Бо чеҳраи маҳзун андешамандона ба гӯшае менигарист. Тамоми суҳбати ӯро ман гӯш кардам. Аз мусоҳибаи онҳо мутаассир гаштам. Беихтиёр наздаш рафтаму номашро ва аз кадом ноҳияи Тоҷикистон буданашро пурсидам. Баъд аз ҷайбам 30 ҳазор рубл бароварда ба дасташ додаму гуфтам инро барои модарат равон кун то табобат кунад ва боз 10 ҳазор рубли дигар ба дасташ додам, ки инро ба ҷайбат гузошта, шиками сер ба кор баро. Ин дам ҷавон аз ҳаяҷон нохост ба гиристан оғоз намуд. Намедонист чӣ гуна миннатдорӣ баён кунад. Оби дидагонаш рӯяшро мешуст. Ин қадар аз ҳаяҷон ҳиқ – ҳиқкунон гиристани мардро бори аввал дидам. Ба оғушаш гирифтам ва ба пушташ тап – тап задам ва худоҳофизӣ намудам. Ба дил гуфтам, ки алҳамдулилоҳ он чил ҳазор рубли боқимондаи закотамро адо намудам, иншоаллоҳ ин маблағ ба нафари ниёзманд расид….”

Ин нақлро барои он ин ҷо овардам, ки имрӯз алҳамдулилоҳ мардуми хайрхоҳу закотдиҳанда хеле бисёр шудаанд ва хуб мешуд эшон хайру садақот ва закоти хешро ба он инсонҳое, ки воқеан ҳам ниёзманданд, тақсим намоянд. Чуноне, ки ин ҷавони қаҳрамони мо як қисми закоти худро ба нафари ниезманди ғариб тақсим намуд. Худованд ҳар яки мову шуморо аз ҷумлаи закотдиҳандагон гардонад.

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Олим Сафолов

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.

Санги қабри Мамадбоқировро канданд

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон санги рӯи қабри...

Киев ва Маскав ҳар ду мавриди ҳамла қарор гирифтанд

Тайи се рӯзи ахир Русия ҳамлаҳои худ алайҳи Украинаро афзоиш додааст, вале Маскав ҳам субҳи имрӯз мавриди ҳамла қарор гирифт.

Бонки миллӣ мизони таваррум дар кишварро эълон кард

Тибқи нишондодҳои расмӣ, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар 8 дарсад рушд карда, сатҳи таваррум 2,3 дарсадро ташкил додааст.