23.9 C
Dushanbe

Ғолибияти дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар “Ҷоми рушд-2021”

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) ғолиби мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” гардид. Ин мусобиқа аз 31 январ то 6 феврал дар Минск (Белорус) доир гашта, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистонро Аҳлиддин Турдиев бар уҳда дошт.

Дар бозии ҷамъбастии мусобиқа, ки 6 феврал баргузор гардид, тими наврасони Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби наврасони Белорус бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Голҳоро аз наврасони тоҷик Аббос Андалебов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Сунатулло Азизов ва Амирҷони Фаррухзод заданд.

Дар даврҳои якуму дуюми “Ҷоми рушд-2021” шогирдони Аҳлиддин Турдиев бар дастаҳои мунтахаби наврасони Қазоқистон (7:1) ва Молдова (5:1) ғалаба карда буданд.

Ҳамин тариқ, тими Тоҷикистон аз 9 холи имконпазир 9 хол ба даст оварда, ғолиби мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” гардид.

Пас аз натиҷагирии мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” дар Минск дарвозабони тими наврасони Тоҷикистон Сафармад Ғаффоров беҳтарин дарвозабон, капитани даста Меҳрубони Абдурауф беҳтарин ҳимоятгар ва нимҳимоятгар Хусрав Толибов беҳтарин бозингари Ҷоми рушд-2021 эътироф шуданд.

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли гузашта дар ин мусобиқа дар бозии ниҳоӣ аз тими наврасони Белорус шикст хурда, сазовори ҷои дуюм гашта буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.