Гуфтугӯи Трамп бо Путин ва Зеленский

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп рӯзи 4-уми июл бо президенти Украина Владимир Зеленский ва президенти Русия Владимир Путин ба таври ҷудогона суҳбатҳои телефонӣ анҷом дод. Ин гуфтугӯҳо дар арафаи нишасти аъзои НАТО, ки рӯзҳои 7–8-уми июл дар Анқара баргузор мешавад, сурат гирифтааст.

Пас аз анҷоми суҳбат, Владимир Зеленский дар саҳифаи расмии худ изҳор дошт, ки бо Доналд Трамп “гуфтугӯи бисёр хуб” анҷом додааст. Ӯ аз пуштибонии Иёлоти Муттаҳида ба истиқлолият ва соҳибихтиёрии Украина изҳори сипос намуда, гуфт, ки ду ҷониб масъалаи хатми ҷанг ва вазъияти ҷабҳаҳоро баррасӣ кардаанд. Ба гуфтаи Зеленский, онҳо ҳамчунин ба мувофиқа расидаанд, ки музокиротро зимни нишасти НАТО дар Анқара идома диҳанд.

Аз ҷониби Русия, ёвари президенти ин кишвар Юрий Ушаков гуфт, ки гуфтугӯи Трамп ва Путин тақрибан 85–90 дақиқа идома карда, масъалаҳои ҷанги Украина, инчунин нишасти дарпешистодаи НАТО ва дигар масъалаҳои байналмилалиро фаро гирифтааст. Ба гуфтаи Кремл, Трамп омодагии худро барои мусоидат ба ҳарчи зудтар қатъ гардидани амалиёти ҷангӣ ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли сиёсӣ бори дигар таъкид кардааст.

Ба иттилои расонаҳои байналмилалӣ, Доналд Трамп қарор аст дар ҳошияи нишасти НАТО дар Анқара бо Владимир Зеленский мулоқоти рӯбарӯ анҷом диҳад. Ин мулоқот ба талошҳои дипломатӣ барои пайдо кардани роҳи поён бахшидан ба ҷанги Украина бахшида хоҳад шуд. Ҳамзамон эҳтимол меравад пас аз ин мулоқот Трамп боз бо Владимир Путин низ тамоси телефонӣ дошта бошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...